Имрӯз, 26 – уми сентябр Олим Бобохонов омӯзгори факултети менеҷмент ва идораи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дарси амалии худро дар мавзеи таърихии “Аҷинатеппа”, ки дар самти шимолии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҷойгир аст, бо донишҷӯёни курсҳои якуми ихтисои иқтисод ва идораи сайёҳӣ доир намуд.
Ҳадаф аз баргузории чунин дарсҳо ин эълон гардидаи соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Бо ин ҳадаф устодону донишҷӯёни ихтисоси мазкур аз қалъаи “Аҷинатеппа” дидан намуда, зимни шиносои Бобохонов О, ба шогирдон аз таърихи пайдоиши ин теппа маълумот дода, тибқи ривояту қиссаҳо ва далелҳои илмӣ оварда, таваҷҷӯҳи ҳоизирнро ба мавзуъ ҷалб намуданд.
Дар ҷараёни машғулияти таълимии сайёҳӣ, шогирдон аз таърихи “Аҷинатеппа”огоҳи пайдо намуд, бештар ба бозётҳои таърихие, ки дар назди он чун овеза айнён буд, таваҷҷуҳ намуданд. Дарс дар ин мавзе бо шафофият гузаронида шуда, донишҷӯён низ дар ҷараёни дарс ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирафтанд.
Гуфта мешавад, ки раёсати факултети менеҷмент ва идораи сайёҳӣ, тибиқи нақшаи кории факутет аз ин ба баъд, чунин машғулиятҳои таълимиро дар ин гуна мавзеъҳои таърихӣ баргузор менамоянд.