Имрӯз 27 –уми сентябр дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дарси намунави омӯзгори кафекдраи адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ҳакимов Саъдулло дар мавзуи “Адабиёти ибтидоии Рим ва намояндагони он” доир гардид.
Дар дарси намунавӣ, сардори бахши назорати сифати таҳсилоти донишгоҳ, дотсентон Гулов Қодир ва мудири кафедраи забон ва адабияти рус, Ашурова Шаҳло ва дигар омӯзгорони факутети мазкур иштирок намуданд.
Нахуст мавзуи дарсро Ҳакимов Саъдулло ба шогирдон тариқи досткаи электронӣ пешкаш намуда, аввал аз муҳтавои адабиёти ҷҳон, баъдан аз асарҳои нобӣ Рум ёдовар гардид. Гуфта шуд, ки донистани адабиёти ҷаҳон моро низ ба асарҳои пурғановати онҳо ошно ненамояд.
Дар идомаи дарс, аз нахустин достонҳои мифологӣ, қаҳрамони Рими қадим мисол оварда шуд. Гуфта шуд, ки дабиёти ҷаҳон натанҳо хоси як қавму миллат аст, балки донистани осори онҳо барои ҳамагон зарурӣ мебошад.
Зарур донистани адабиёти ҷаҳонро ҳатто Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон вобаста ба самти маориф таъкид менамоянд, ки мақсади фароҳам овардани дастрасии мардум ба адабиёти ҷаҳон, бахусус, адабиёти илмӣ ин донистани осори адибони дигар давлатҳо аст. Аз ин бармеояд, ки донишҷӯён аз чунин дарсҳои намунавӣ барои худ ғизои маънавӣ гирифта, оянда баҳри пешбурди корҳои имлӣ – таҳқиқотро аз дигар забонҳои хориҷӣ мутолиа намуда, самаранок истифода намоянд.
Чунин дарсҳои намунвӣ ва маҳфилҳои фаннӣ, дар ҳама факултетҳои донишгоҳ мунтазам идома меёбад.