Имрӯз, 28 –уми сентябр дар факултети менеҷмент ва идораи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, аз ҷониби дотсенти кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳӣ Наимов Бекмурод дарси намунавӣ, дар мавзуи “Афзалиятҳои соҳаи сайёҳӣ ва омилҳои рушди он” баргузор гардид.
Зимнан дар дарси намунавӣ сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти донишгоҳ, дотсентон Гулов Қодир ва дигар устодони факултети мазкур иштирок намуданд.
Наимов Бекмурод дар дарс аз айёниятҳои замони муосир яъне Смарт-Экран истифода намуда, аҳмият ва мубрамияти мавзуи матраҳшавандаро ба иштирокчиёну донишҷӯён равшани андохт.
Дар идома ёдовар гардид, ки сайёҳӣ гарчанде дар кишварамон нав рушд карда бошад, аммо ҳастанд омилҳое, ки монеаи ин самт мегарданд. Бахусус надонистани забони хориҷӣ, аз ҷониби кормандони соҳа дониста мешавад. Вале омилҳои пешрафти ин соҳаро мо танҳо дар роҳи ҷалби ҷаҳонгардон ва мизбонии кормандони ояндаи ин соҳа мебинем. Таблиғ намудани сайёҳон ба минтақаҳои таърихӣ як ҷузъи масъалаи мавзуи таҳлилшаванда бошад, паҳлуи дигари он ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорони хоричӣ дар ин соҳа ба ҳисоб меравад.
Гуфтан ба маврид аст, ки шуруъ аз соли 2018 то ин ҷониб сайёҳӣ рушд карда бошад, вале ҳастанд равандҳои форсмажорӣ монеаи ин соҳа мегарданд.
Дар охири дарси намунавӣ, вобаста ба мавзуи дарс, иштирокчиён назару пешниҳодҳои худро ба маъмурияти факултет барои беҳтар гардидани раванди таълим ироа намуданд.