Омўзгор афрўзандаи машъали ояндаи дурахшони ҷомеа, парвонаи бахту саодати халқу миллати хеш аст, ки ҳастии худро баҳри ояндаи дурахшони ӯ дар роҳи илму дониш ва маданияту маърифат фидо мекунад.
Барои он ки омӯзгор ба ташаккулу такомули ҷомеа саҳм гузорад, бояд бо дониши касбӣ, маҳорати педагогӣ ва сифатҳои инсонӣ мусаллаҳ бошад. Чун дар бораи омӯзгор ва рисолати ӯ андеша меронем, боварӣ ҳосил мекунем, ки маҳз омўзгор инсонро метавонад аз бесаводӣ, бехирадӣ, бемаърифатӣ ва бефарҳангӣ, яъне аз ваҳшониятӣ, зулму золимӣ раҳоӣ бахшида, ба сўи нуру рушноӣ роҳбаладӣ намояд.
Дар шароити муосир, омӯзгор ин на он касе мебошад, ки танњо маълумоти олии махсуси педагогӣ дорад, балки ҳамон шахсе ё мутахассисе мебошад, ки ҳамеша набзи ҳаёти иљтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеаро ҳис ва дарк карда, яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеа – таълиму тарбияи насли ояндаро ба душ дорад.
Омўзгор дар ҷомеа шахсест, ки идора ва назорати мушкилтарин раванд ба зиммаи ӯ вогузор карда шудааст. Омӯзгор – раванди аз ҳама мушкил, заҳматталаб ва дар баробари ин барои ҷамъият муҳим – таълиму тарбияи шахсияти инсони комилро ба уҳда дорад.
ҚУРБОНОВ ФАЙЗАЛӢ, дотсенти кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба Номи Носири Хусрав