Омӯзгор рукни асосии таълиму тарбия буда, тарбиятгари наслҳо ва ташаккул диҳандаи ақл аст. Ӯ чароғи нурест, ки зеҳнро бо дониш мунаввар месозад. Муаллим шахсест, ки шогирдро хондану навиштанро меомӯзонад. Шогирдонашро аз илму дониш баҳравар месозад ва он касест, ки чархи донишро ба пеш тела медиҳад.
Дар ҷомеа яке аз вазифаҳои муҳим, ки омӯзгор онро ба ӯҳда дорад, нишон додани нерӯи ҷавонон ба роҳи дуруст мебошад ва ҳидоят намудани онҳо аз гумроҳӣ ва афтодан ба доми ҷаҳолат аст. Махсусан омӯзгор ба таъкид кардани нуктаҳои асосӣ, ки ҷавонон бояд риоя кунанд ва ҷойҳое, ки онҳо бояд аз онҳо канорагирӣ кунанд, онҳоро огоҳӣ месозад. Омӯзгорӣ – бузургтарин касб аст, чун ҳама касбҳоро аз ӯ меомӯзанд. Муаллимон муҳимтарин гурӯҳи ҷомеа ҳастанд, ки ба табибон, муҳандисҳо, ҳуқуқшиносон, муҳосибон, миллисаҳо, олимон ва ҳамаи гурӯҳҳои дигаро таълим медиҳанд. Вай – зоҳидест, ки барои хидмати илм бурида шудааст, ҳамон гуна ки зоҳид барои хидмати дин бурида шудааст. Маҳз устодони мо ҳастанд, ки ба мо роҳи зиндагии хубро нишон медиҳанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, мақоми онҳоро дар ҷомеа дар ҷойи аввал медонад. Ҳатто дар баромадоҳояшон таъкид мекунад, ки омӯзгорон ин олитарин шахсиятҳо мебошанд, ки мову шумо соҳиби ақлу идрок гардидаем.
Касби омӯзгорӣ яке аз касбҳои олитаринест, ки паёми олиеро пешкаш мекунад. Зеро омӯзгор дар марҳилаи пайдоиш ва то марҳилаи камолот арзишҳо ва донишҳоро дар зеҳн ҷорӣ мекунад, бахусус, ки инсон солҳои дарози умри худро бо гирифтани дониш аз омӯзгор мегузаронад.
Аз ин рӯ, нақши омӯзгор дар ҳама самтҳои фаъолияти инсонӣ, бахусус табиб, муҳандис ва олим басо бузрг аст, зеро беомӯзгор ҳеҷ кас ба мақоми имрӯзааш дар ҷомеа намерасид ва нахоҳад расид.
Билолӣ Ҳигматулло – омӯзгори кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав