Имрӯз, 2- юми октябр бахшида Рӯзи омӯзгор дар кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии факултети сиёсат ва идораи давлатӣ дарси кушоди тарбиявӣ таҳти унвони “Омӯзгор роҳнамои зиндагӣ” баргузор гардид.
Дар даси кушоди тарбиявӣ, профессор Саидов Алихон Сабзаевич, муовини декани факултет оид ба корҳои тарбиявӣ Ибрагимов Садриддин, Саидзода Дилшод Саид, Олимова Шаҳло ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.
Нахуст, муҳтавои дарси кушоди тарбиявиро Олимова Шаҳло ба иштирокчиён шарҳ дода, ёдовар гардид, ки омӯзгор барои шогирдон чун чароғ равшани намуда, ҳаёти худро баҳри пешрафт гардидани онҳо сарф менамояд.
Сипас, устоди факултети мазкур профессор Саидов Алихон Сабзаевич суханрони намуда, аз устоди марҳум дотсент, Рустам Казаков ёдовар гардиданд. Гуфта шуд, ки дастовардҳои марҳум дар соҳаи илм ва таълими ҷавонон чун мактаби тарбиявии намунавӣ ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ омӯзогри бояд пеша ё касб набошад, балки ишқ бошад, ки бо шавқ дарс гуфт, таъкид намуд Саидов Алихон.
Дар охири донишҷӯён бо маърӯзҳои пурмуҳтавои худ баромад намуданд.