Имрӯз, 2 – юми октябр дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар доираи ҳамкори миёни донишкадаҳои Россия ва донишгоҳ вусъат меёбанд. Ин навбат, котиби якуми Сафорати Русия дар Тоҷикисион Бурулько Игор Евгеньевич ва ҳайати корӣ ташриф оварданд.
Дар ҷараёни ташриф номзади илмхои таьрих Трибунский Павел Александрович намоянда аз “Дом русского зарубежья”, ва досенти кафедраи забон ва адабиети Русии Донишкадаи забони Русӣ ба Номи А.С. Пушкин Каравченкова Евгени Алексеевна дар намоишгоҳи китоб, аз Факултети забон ва адабиети рус дидан намуданд.
Сипас, дотсен Каравченкова Евгени Алексеевна дар назди донишҷӯёни факултети забон ва адабиёти рус баромад намуда, изҳор дошт, ки барои вусъат бахшидани аҳмкориҳо бояд мо табодули таҷриба намоем. Инчунин ташаккул додани хамкориҳо ва тамини адабиёти бадевию таьлимӣ барои донишҷӯёни ихтисоси забон ва адабиёти русро саривақтӣ номид.
Дар идомаи суханрони ёдовар гардид, ки аз ин пас омӯзгорони забони русии донишгоҳи мазкур метавонанд табодули ҳамкории илмӣ дошта бошанд.
Баъди мулоқот аз ҷониби намояндагони Донишкадаи забони Руси ба Номи А.С. Пушкин, ба факултети забон ва адабиёти рус, дусад нусха китобҳои таълимию бадеи ҳадя карда шуд.
Гуфта мешавад, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо беш аз 34 донишгоҳҳои берун аз кишвар ҳамкориҳои илмӣ- таҳқиқотӣ дорад.