Имрӯз, 4 – уми октябр дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили илмии “Муаррих-кишваршинос”-и назди кафедраи таърихи умумӣ таҳти унвони “Нақши зиёиён дар пешрафти ҷомеа” доир гардид.
Дар маҳфил декани факултети таърих ва ҳуқуқ дотсент Баҳодуров Б.Ф., мудири кафедраи таърихи умумӣ, профессор Алимов Д.Х., муовини декан оид ба таълим Муҳаммадзода Б.М., муовини декан оид ба тарбия Ҷалимов М.Ш. ва дигар устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Сипас, декани факултети мазкур дотсент Баҳодуров Б.Ф. ҳозиринро ба маҳфил хайрамақдам гуфта, нақши маҳфилро дар раванди таълим мусбӣ арзёбӣ намуд.
Дар охири маҳфил омӯзгорону устодони факултет вобаста ба нақши омӯзгор дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар, омӯзгор –қаҳрамони асосии илм ва дигар мавзуъҳои мубрами илмӣ мавриди муҳокимаи умум қарор гирифт.