Дар факултети менеҷмент ва идораи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси намунавии тарбиявӣ дар ихтисоси иқтисод ва идораи сайёҳӣ, таҳти унвони “Тоҷикистон пешоҳанги ташаббусҳои марбут ба об ва иқлим дар арсаи байналмиллалӣ” баргузор гардид.
Дар дарси намунавии тарбиявӣ муовини ректор оид ба тарбия Нурализода Н., мудири шуъбаи тарбия Набизода Э. ва дотсентон Наимов Б., Каримов Г., Қувватов Ф. ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Заминан, дар дарси намунавии тарбиявӣ Бобохонов О. ёдрас намуд, ки даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” аз шумори ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об дониста мешавад.
Бояд қайд намуд, ки об аз ҳама захираи муҳимми табиӣ буда, дар ҳама ҳолат маҷудоти зиндаи табиат ба он ниёзи аввалиндараҷа доранд. Аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба захираҳои обии Тоҷикистон миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши арзишманде хоҳад дошт.
Ҳамчунин дар дарси мазкур дар доираи қабул ва тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов” табодули афкор анҷом дода шуд. Ин қонун афзалияти ҳуқуқии инсонро вобаста ба истеъмоли оби нӯшокӣ танзим менамояд.