«Фалак, ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ, аз ҷумлаи беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро, барҳақ, мусиқии шаклан озод ва таҷассумгари рӯҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад».
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Фалак мусиқии суннатии шифоҳии мардуми тоҷик мебошад, ки бештар дар ноҳияҳои кӯҳистон ривоҷ дорад. Дар фалак асосан рубой ва дубайтие интихоб мегардад, ки маънои фалсафӣ дошта, ифшогари розу ниёзи мардум мебошад.
Бо ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 16-уми Кумитаи байнидавлатии шаҳри Парижи Фаронса фалак ба рӯйхати мероси ҷаҳонии фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Боиси қайд аст, ки дохил шудани фалак ба Феҳристи ҷаҳонии мероси фарҳангии башарият аз ҷониби Пунчи Ниламе Мегасват, котиби масъули Шри-Ланка дар умури ЮНЕСКО ва раиси Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО фалакро ҳамчун суруди анъанавии мардуми тоҷик эълон намуданд.
Фалак маҷмӯи суруд ва навои мардуми тоҷик аст, ки бештар дар навоҳии кӯҳистон маъмул аст. Зеро дар тӯли асрҳо марди кӯҳистон аз мушкилот, нодорӣ, гирудору нобасомониҳои рӯзгор ба танг омада рӯ ба кӯҳсор овардаву аз таҳти дил фарёд мезада ба ин васила дарду ғам ва розу ниёзи худро ба осмонҳову офаридгори оламу одам ифшо менамуданд.
Аввалин нишонаҳои суруди Фалак аз адабиёти суфия баромада дар эҷодиёти Абусаиди Абулхайр, Бобо Кӯҳӣ, Боботоҳири Урён ва дигарон мушоҳада мешаванд.
Донишманди охири асри 10 ва ибтидои асри 11 Марвӣ дар асари хеш «Сабки паҳлавиёти хуросонӣ» чунин овардааст: «Мардумони атрофу акнофи Хуросон бештари вақт аз хондани лаҳнҳои порсии омехтаи туркӣ парҳезӣ буданд. Гоҳе аз шунидани бархе сурудаҳо нанг мекарданд ва рӯ ба савту садои кӯҳистон меоварданд. Ин кор то бад-он ҷойе расид, ки суруди фалакии Ятими Хатлонӣ пайки пиру барнои Хуросон гашт ва онро ҳар кас ба таври хеш месуруд. Ин суруди кӯҳистони Машриқ то ба номҳои «Фироқномаи Юсуф», «Ҳаҷри Яъқуби Канъон», «Нолаи малакут», «Нолаи хокиён», «Фарёди ҷудоиҳо» ва «Розҳои ногуфта» дар забони мардум мондааст.
Фалак асосан дар тӯли садсолаҳо аз гӯш ба гӯш, аз забон ба забон ба тарзи мактаби устоду шогирд то ба имрӯз расидааст. Бо заҳмату кӯшишҳои як идда донандагону иҷрокунандагони санъати фалаксароӣ, аз ҷумла, Бобохалили Одина, Раҷабмади Валӣ, Мадалии Барот, Карими Шиш, Акашариф Ҷӯраев, Ҳошими Қосим, Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулиев, Мусаввар Минаков, Мамадато Таваллоев, Наврӯзшоҳ Қурбонҳусейнов, Моҷон Назардодова, Нусайрӣ Одинаев, Ҳаким Маҳмудов, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманд Хол, Сафармуҳаммад Муродов, Дона Баҳромов, Аслия Искандарова, Панҷшанбе Ҷорӯбов ва дигарон низ аз ин наъви мусқии тоҷикӣ сурудаҳо ба худ мерос мондаанд.
Дар замони муосир низ Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва бахусус Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи жанри мусиқии «Фалак» ғамхории зиёд зоҳир менамояд. Бо ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатӣ дода шуд. Ансамбли давлатии «Фалак» дар рушди фалакхонӣ нақши бориз дорад.
Ин аст, ки имрӯзҳо анъанаи фалаксароӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов мавриди тадрису омӯзиш қарор гирифта устодону донандагон ин жанри мардумӣ бо тамоми нозукиҳояш аз бар намуда истодаанд.
Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 – уми августи соли 2007, ҳар сол 10 – уми октябр ҳамчун «Рӯзи Фалак» ҷашн гирифта мешавад ва ин чорабинии фарҳангӣ бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати ба худ хос доир мегардад.
Фалак аз бахшҳои созию овозӣ иборат мебошад: Бахши созӣ мусиқии холис буда, овозӣ бо суруд, яъне рубой иҷро карда мешавад. Ҳар кадоме, аз ин бахш ду сабки иҷроӣ дорад. Яке фалаки даштӣ дигаре фалаки роғӣ унвон гирифтааст.
Жанри фалак таърихи бисёрасра дошта ба ду минтақа тақсимбанди карда мешавад, ки Кӯлобу Бадахшон ташкил медиҳад.
Аз ин ҷост, ки фалаки кӯлобӣ ва фалаки бадахшонӣ мегӯянд. Хелҳои жанрии он гуногунанд:
фалаки даштӣ,
фалаки роғӣ,
фалаки қаландарӣ,
фалаки сафарӣ,
фалаки равона,
бепарвофалак ва ғайра.
Ин санъати иҷрокунандагӣ дар муддати асрҳо ташаккул ва рушд ёфта, мактаби ҳунарии худро низ таъсис додааст. Фалак дорои назарияву амалияи боест. Дар Бадахшон фалакхонӣ ҳамчун маддоҳхонӣ низ маълум аст. Аз рӯи анъана Фалакро бо ҳамовозии созҳои мусиқии дутор (думбура), ғижак, най (тутак), сетор ва рубоби бадахшонӣ, бо ҳамсадоии дафу таблак иҷро мекунанд. Андозаи мусиқии фалакӣ бештар панҷ ҳаштякӣ (5/8), чор чорякӣ (4/4), ҳафт ҳаштякӣ (7/8), шаш ҳаштякӣ (6/8) ва ду чорякӣ (2/4) мебошанд.
Жанри мусиқии «Фалак» ба ғайр аз Тоҷикистон, инчунин дар қисми шимолии Афғонистон ва якчанд вилоёти тоҷикнишини Покистону Ҳиндустон маъмул аст. Аз рӯи анъана матни асосии «Фалак»-ро рубоӣ ташкил медиҳад, вале дар замони мо фалаксароён ҳангоми иҷрои сурудҳои фалакӣ ба ғайр аз дубайтиву рубоӣ, инчунин ғазалҳои баландмазмунро аз адабиёти классикӣ ва шоирони имрӯзаи тоҷик низ истифода менамоянд.
Албатта замина, таърихи пайдоиш ва таркиби «Фалак» ягона аст, вале бо назардошти тарзи иҷро, истифода аз созҳои гуногуни мусиқӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ «Фалак»-ро ба навъҳои даштӣ, роғӣ, дарвозӣ, афғонӣ (бадахшонӣ) ва кӯҳистонӣ ҷудо мекунанд. Фалак жанри озод буда, ҳамеша дар ташаккулу такомул ва таҳаввулу инкишоф аст. Яке аз хусусиятҳои хоси фалак бадоҳатан иҷро гардидани он аст ва аз шахси фалаксаро оқиливу зиракӣ, сухандонӣ, маҳорати баланди касбиро тақозо менамояд.
Сайдамиров Сорбон – омӯзгори факултети педагогика ва варзиши Донишгощи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав