Имрӯз, 9 – уми октябр дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси намунавии тарбиявӣ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Зувайдуллозода Ганҷина Холмурод, таҳти унвони “Масъалаҳои норасоии об дар ҷомеаи ҷаҳон” доир гардид.
Дар дарси намунавии тарбиявӣ декани факултет, дотсент Шодиён Бурхониддин Саидалӣ ва бонувони донишгоҳ Каримова Санавбар ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.
Сараввал Зувайдуллозода Ганҷина Холмурод дар мавзуи “Нақш ва ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаллӣ масъалаҳои норасоии об дар ҷомеаи ҷаҳон” маърӯза намуда, ҳозирнро ба ин масъалаи мубрам ошно намуд.
Гуфта шуд, ки даҳсолаи охири садаи нав яке аз мушкилоти асосии ҷаҳон ин дастрас нагардидани аз се як ҳиссаи сокинон ҷаҳон ба оби ошомданӣ мебошад. Ин мушкилиро то сатҳи ҷаҳон Пешвои миллат мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор дод. Моро зарур аст, ки баҳри беҳдошти ин захираи табии саҳмгузор бошем, гуфт Зувайдуллозода Г.Х.
Дар охир пас аз баррасии маърӯзаҳо иштирокчиён ба музокира баромаданд.