Хуҷазода Умед Шароф,н.и.п.
декани факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамеша ҳамқадами ҳаёти башарӣ буда, инсонҳо дар ҷомеаи ибтидоӣ низ бо шаклҳои гуногун ба ин навъи машғулият сару кор доштанд. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш марҳилаҳои гуногуни рушдро паси сар карда, имрӯзҳо дар ҷомеаи башарӣ ҷойгоҳи хоссае пайдо карда, ба як шуғли дӯстдошаи мардум табдил ёфтааст. Дар Юнони Қадим дар варзишгоҳҳои азим дар байни ҷавонпаҳлавонон мусобиқаҳои гуногун, аз қабили аспдавонӣ, шамшерзанӣ, пойгаҳ ва монанди инҳо доир мешуд ва ин анъанаҳои нек имрўз низ дар кишварҳои тамоми дунё идома дорад. Юнониён поягузорони бисёр намудҳои варзиш, бозиҳои варзишӣ, бахусус бозиҳои олимпӣ мебошанд. Ҳоло дар қитъаҳои гуногуни дунё мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои гуногуни варзиш аз қабили хокей, варзиши сабук, қойиқронӣ, шиноварӣ ва бозиҳои варзишии футбол, волейбол, баскетбол ва амсоили инҳо доир шуда, тарафдорон ва ҳаводорони хеле зиёде доранд.
Вижагиҳои чунин навъҳои варзишро муҳаққиқону коршиносон ва варзишгарони касбӣ, аз ҷумла доктори илмҳои педагогика Сафаров Шодӣ дар ин хусус менависад: “Бозиҳо одамро аз дурӯғ, ғайбат, ҳасад, бухл, дуздӣ, авбошӣ ва кина дур месозад. Бозӣ меҳвари ҷисмонӣ ва такомули варзиш аст. Дар ибораи бозӣ маҳфумҳои манфӣ ва мусбат бисёр вомехӯрад, ки ҷиҳатҳои мусбиаш зиёдтар аст” [1, с. 77]. Дар ҷаҳони муосир дар чаҳорчўби гуфтугўйи тамаддунҳо варзиш нақши калидӣ дорад. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш неруи инсонро устувор ва қобилияти тафаккуру меҳнатро таҳким мебахшад. Доманаи мусобиқаҳои варзишӣ дар сад соли охир хеле густурда шуда, тамоми қора, давлат ва миллатҳоро фаро гирифтааст. Варзиш дар баробари гарави саломатӣ, қосиди сулҳ будан имрӯзҳо ба локомотиви бузурги иқтисодӣ низ табдил ёфтааст, ки дар индустрияи варзиш беш аз як миллиард одамони кураи замин мустақим ва ё ғайри мустақим машғул мебошанд. Ин рақам худ баёнгари он аст, ки варзиш имрўзҳо дар тамаддуни башарӣ нақши калидӣ ва ҷойгоҳи хоса дорад.
Дар аксари кишварҳои пешрафтаи дунё, аз ҷумла кишвари мо Тоҷикистон низ тамоми аҳли ҷомеа варзишро ба унвони раҳоии ҷавонон аз банди мушкилоти зиёде мавриди истифода қарор медиҳанд. Муҳаққиқи ин соҳа Сафаров Шодӣ зикр намудааст: “Ибораи “варзиш” нерӯмандию паҳлавонӣ, одобу ҷавонмардӣ ва рӯҳи одами солим аст. Таърихи муштараки варзиши тоҷик бо соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз обутоби ҷонкоҳи таназзул вораст ва он солҳои баъдӣ пеш рафт, такомул ёфт, методологияи тарбия ва варзиши мамлакат рушди нав гирифт. Роҳбарияти мамлакат дуруст дарк кард, ки худи варзиш иффату некӣ, фурӯтанию шикастанафсӣ, шаффофию тозакориҳоро талаб менамояд. Бе ҷамъияти солим, давлати бонизом ва пурқувватро ташкил кардан номумкин аст. Варзиши ҳар давлат бешуҳба аз варзиши сунатии миллӣ пеш меравад, он таровату нафосат ва рушду инкишоф меёбад. Бе донистани таърихи ниёгон, бе омӯзиши таълимоти гузашта, ояндаро бунёд кардан мумкин нест” [2, с. 123].
Воқеаҳои солҳои охири кишварҳои Сурия, Ироқ, Лубнон ва як қатор кишварҳои Шарқӣ моро ба он водор мекунад, ки корро дар заминаи варзиш дар байни ҷавонон пурзўр кунем. Агар ҳокимони давр дар он кишварҳо сари вақт ба ин масъала таваҷҷуҳ мекарданд ва ҷавононро ба роҳи варзиш ҳидоят мекарданд, онҳо хеҷ гоҳ ба даст яроқ намегирифтанд ва ин кишварҳо оғӯштаи хун намешуданд. Аммо афсус, ки ин кор нашуд ва давлатҳои абарқудрат ба мисли ИМА ва ФР маҷбур шуданд, дар якҷоягӣ бо неруҳои ҳукуматӣ 100-ҳо ҳазор ҷавононро қатл кунанд, то битавонанд ин кишварҳоро аз коми марг наҷот бидиҳанд. Вақте ҷавонони кишварҳои гуногуни дунё бо мушкилоти худ танҳо ба танҳо монда, роҳӣ халосӣ меҷўянд, ана дар чунин лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз хоҷагони хориҷӣ ба ном ба «кумак»-и ин ҷавонон меоянд ва онҳоро шустушўйи мағзӣ карда, ба ҳар гуна идеологияҳои тундгароёна олуда мекунанд.
Ҷавононе, ки омодагии рўҳӣ ва ҷисмонӣ надоранд зуд ба ин гурўҳҳо мегараванд. Барои ҳамин ҳам ҷойгоҳи варзиш дар тамаддуни муосир хеле боло мебошад. Миллате, ки ба варзиш машғул мешавад, ҳам ҷисман ва ҳам рўҳан солим мемонад.
Ҳамагон хуб медонем, ки кишварҳо дар ҳоли ҳозир барои доир кардани мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣва олимпӣ мубориза мебаранд, чунки ин мусобиқаҳо воситаи хеле хуби муаррифи миллат ва давлат буда, роҳи ҷалби сармояи ҳангуфте низ барои иқтисодиёти кишвар мебошад. Мо хеле хуб медонем, ки чандест кишварҳои Аврупоӣва Америка кишвари Федератсияи Россия ва боз чанд кишварҳои дигар аз қабили Эрон, Кореяи Шимолӣ ва монанди инҳоро таҳрими иқтисодӣэълон намуда, мехоҳанд бо ин роҳ низоми иқтисодии ин кишварҳоро фалаҷкарда, онҳоро маҷбур кунанд, ки шароити кишварҳои абарқудратробипазиранд. Ҳамчунин тавассути воситаҳои ахбори умум симои ин кишварҳоро манфур ва ваҳшатнок муаррифӣкарда, онҳоро дар ҷилави чашми ҷомеаи башар сиёҳу манфур ва бетамаддуну бефарҳанг нишон дода,ба ҳадафҳои нопоки сиёсии худ бирасанд.
Аммо мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии бозии футбол, ки тобистони соли 2018 дар кишвари ФР баргузор шуд ва дар он ҳаводорони бозии футбол қариб, ки аз тамоми кишварҳои дунё ширкат варзиданд, дидгоҳи онҳо нисбат ба ФР комилан тағйир ёфт. Меҳмони кишварҳои хориҷӣдар мусоҳибаҳои худ иброз медоштанд, ки ФР-ро хеле кишвари хуб, меҳмоннавоз ва меҳнатдўст дарёфтанд. Ана мебинед, ки варзиш дар мавриди мо бозии футбол, ки яке аз бозиҳои машҳуртарини дунё маҳсуб мешавад, чӣқаҳрамониҳое мекунад.
Имрўзҳо дар тамоми дунё воситаҳои ахбори оммаи зиёде ба пахши ахбори варзишӣ машғул буда, аз ин роҳ даромадҳои ҳангуфте ба даст меоранд.
Мавридҳое, ки мо мехостем, дар робита ба онҳо роҷеъ ба варзиш андешаҳоямонро идома диҳем, ин саноати сабук, яъне истеҳсоли колоҳои варзишӣ ва дастгоҳҳои варзишӣмебошад. Дар истеҳсоли колоҳои варзишӣ ва васоили варзишӣ кишварҳои гуногуни дунё пешгом мебошанд. Брендҳои маъруфи дунё, ки колоҳои варзиширо истеҳсол ва ба фурўш мебароранд даромадҳои хеле калон барои соҳибони худ меоранд. Ҳамон тавре ки қаблан қайд кардем индустрияиварзиш ба як мошини пурқудрате мубаддал гашта, теъдоди хеле зиёди одамонро дар коргоҳҳои хеш фаро гирифтааст. Имрўзҳо брендҳои маъруфи варзишӣ ба мисли «Риббок» ва «Адидас»-ро дар тамоми кураи замин мешиносанд ва колоҳои варзишӣбо ин тамғаҳо харидорони хеле зиёд доранд. Ҳамаи миллатҳои дунё ба сандуқи бозиҳои олимпӣ бозиеро аз бозиҳои миллии худ ворид кардаанд, ки он бозӣҳамзамон муаррифгарӣ он давлат мебошад. Намудҳоиякҳарбаи шарқӣ бо кишварҳои Ҷопон ва Чин, бозии футбол ба Британияи Кабир, бозии хоккей ба Канада ва амсоли инҳо тааллуқдоранд, аммо имрӯзҳо ин бозиҳоро ҳамаи кишварҳои дунё моли худ медонанд, ин аст қудрати варзиш ва навъҳои бозиҳои он. Имрӯзҳо дар кишвари мо чунин мусобиқаҳои варзишӣ мунтазам гузаронида мешавад ва тамоми ташкилоту муассисаҳои таълимӣ ба хотири ба даст овардани натиҷаҳои беҳтарин талош меварзанд. Тани ҳар яки мо ба варзиш ниёзманд аст. Варзиш одамро зебову тансиҳат, бардаму боқувват нигоҳ медорад. Ҳангоми ба варзиш машғул шудан мо дар ҷисми худ дигаргунӣ ва сабукиро ҳис менамоем. Одамони танбал ва пурхӯр аз варзиш дуранд ва оқибати ин бешубҳа ҳеҷ аст. Пеш аз ҳама тани солим барои инсон беҳтарин давлат мебошад. Моро лозим аст, ки барои тансиҳатии хеш талош варзем. Маҳс варзиш дар ин ҷода раҳнамои мост. Танбаливу коҳилӣ ва аз варзиш дур будан моро аз ин роҳи нодуруст боз медорад. Дар кишварамон имрӯзҳо сафи варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ бениҳоят зиёданд. Номи варзишгарони тоҷик вирди забони хурду калон мебошад ва халқи тоҷик бо онҳо ифтихор дорад. Варзиш яке аз воситаи асосии тарбияи ҷисмонӣ буда, барои инкишофи қувваҳои ҷисмонӣ ва қобилияти ҳаракатӣ барои ба даст овардани натиҷаҳои баланд дар намудҳои ҷудогонаи машқҳои ҷисмонӣ алоқаманд мебошад.
Ба ақидаи яке аз муҳаққиқони рус Н.В. Самоукина: «Бозӣ фаъолияти эҷодӣ аст. Дар бозӣ шахсияти инсон такмил меёбад, худсозии ӯ сурат мегирад. Воситаи чунин эҷод ё офариниш муошират аст. Бозӣ воситаи аз ҳама зуд ва самараноки ба даст овардани таҷриба мебошад. Бозиро истифода бурда мо раванди инкишофи кӯдак, ҷалбшавии ӯро ба арзишҳо метезонем ва тақвият мебахшем» [3, c. 265].
Хулоса, дар шароити мураккабу печидаи вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ кишварҳои оламро лозим аст, ки баҳри таҳкими робитаҳо ва таъмини солимии ҷомеа мусобиқаҳои гуногуни варзиширо ташкил ва сокинонро ба он ҷалб намоянд. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати пешгирифтаи худ баҳри рушду такомули намудҳои гуногуни варзишӣ пайваста тадбирҳо меандешад. Мо мутмаинем, ки баргузории симпозиуму конфронс ва нишастҳои илмӣ низ метавонад дар ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мусоидат кунад.
РӮЙХАТИ АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲОИ ИСТИФОДАШУДА
1. Сафаров Ш.А. Бозиҳои миллӣ ҳамчун тамаддуни халқи тоҷик / Ш.А. Сафаров. – Душанбе, 2011. – 123 с.
2. Сафаров Ш.А. ва дигарон Тарбияи ҷисмонӣ. Китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ // Ш.А. Сафаров., Д.Ҷ. Каримова., М.Ҳ. Саидова., Қ.Д. Сафаров. – Хуҷанд. –2019. – 336 с.
3. Стрижова А.А. Изучение игровой деятельности как средства развития творческих способностей школьников / А.А. Стрижова. Екатеринбург, 2016.-91 с.