Октябрь 11, 2024
ДУШАНБЕ, 11.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар мавзуи «Тарбияи ватандӯстӣ ва роҳҳои баланд бардоштани он дар ниҳоди ҷавонон» ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Дар ҷаласа намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кор бо ҷавонон ва варзиш доир ба иҷрои бандҳои Консепсияи миллии тарбия, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватан, ҳимояи он аз таҳдиду хатарҳои муосир, пешгирии бегонапарастӣ, сулҳу суботи сиёсӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуданд.
Масъулин донишҷӯёнро даъват намуданд, ки корҳои неку созанда ва ниятҳои бунёдкоронаро пешаи худ қарор дода, дар раванди ободониву созандагӣ саҳми арзанда гузоранд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусра