Имрӯз, 12-уми октябр дар асоси нақшаи кории Раёсати донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Фатҳуллоев Икром, декани факултети таърих ва ҳуқуқ, дотсент Баходуров Бехрӯз аз Маркази таълимии касбомӯзии назди донишгоҳ дар ноҳияи Хуросон дидан намуданд.
Дар маркази касбомӯзӣ барои фаъолияти устодон ва таҳсили донишҷӯён шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Қайд намудан зарур аст, ки дар маркази касбомӯзии мазкур мутахассисон аз рӯйи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла кафшергари барқӣ, сарошпаз, электрик, челонгар, устои мошин ва дӯзанда омода карда мешавад.