Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои нигаронкунандаи ҳукумати мамлакат ин аст, ки ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, гурӯҳҳои тундрав ва ташкилотҳои террористиву экстремистӣ шомил мегарданд.
Воқеан ҳам ин масъала нигаронкунанда аст, чунки қисми зиёди аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикситонро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Саволе ба миён меояд, ки чаро маҳз ҷавонон бештар ба ин гурӯҳҳо шомил мегарданд?. Ба ин савол чунин ҷавоб додан мумкин аст.
Миллати тоҷик аз қадим дорои таърих, тамаддун, фарҳанги бою ғанӣ, китобдору китобхон ва ба китоб дилбастагии зиёде дошт, аммо даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки он аз ҷониби ТЭТ ва ҲНИ роҳандозӣ шуда буд, боиси аз фаъолият боз мондани чандин муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ гардид, ҳазорҳо мактаббача, донишҷӯ, мураббию омӯзгор ва мардуми осоишта дар шумораи 150000 нафар кушта, 1 млн гуреза ва беш аз 10 миллиард долар зиёнро ба бор овард. Ҷавонони мо аз омӯзиши илмҳои динию дунявӣ дур монданд ва аз таърих, тамаддун, фарҳанги бою воллои ниёгонамон ба дурустӣ ва ба пурагӣ баҳра гирифта натавонистанд.
Маҳз аз ҳамин нуқтаи заифии ҷавонони мо ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, гурӯҳҳои тундрав ва ташкилотҳои террористиву экстремистӣ истифода бурда, бо роҳҳи фиребу найранг ва ваъдаҳои бардурӯғи хушку холӣ ҷавонони моро ба коми қатлу нобудӣ кашида истодаанд.
Яке аз чунин гурӯҳҳои бадхоҳу тундрав ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломии Ироқу Шом» ба ҳисоб меравад.
Ташкилоти террористӣ-экстремистии “Давлати исломии Ироқу Шом” дар заминаи хушку холӣ арзи ҳастӣ накардааст. Балки ДИИШ зимни омода намудани нақша, барномаҳои мушаххаси давлатҳои манфиатдор ва ташкилотҳои террористӣ таъсис дода шудааст. Ин ташкилотҳои террористӣ ҳар кадом ба худ ҳадаф, мақсад ва дурнамои худро дорад.
ДИИШ дорои сохтори идоравӣ, воҳиди пулӣ ва ҳокимияти судӣ, ҳамчун давлати алоҳида, дар минтақаҳои муайян фаъолият мекунад.
Аммо ягон давлати дунё “Давлати исломии Ироқу Шом” – ро ҳамчун давлати мустақим эътироф накардааст, балки онро ҳамчун ташкилоти байналмилаллии террористӣ пазируфтаанд.
Давлатии исломии Ироқ (ДИИШ) як шохаи Ал-қоида ба ҳисоб рафта, бори нахуст он соли 2004 ташкил шуда буд ва онро ҷангии урдунӣ Шайх Абу Мусаб Заркавӣ роҳбарӣ мекард, ки он соли 2006 кушта шуд. Ба ҷои ӯ Абу Ҳамза Мухадтир таъин гардид, ки ӯ ҳам кушта шуд. Баъд аз он Абу Умар – ал – Бағдодӣ роҳбари навӣ ин гурӯҳ таъин гардид. Ӯро ҳам соли 2010 куштанд.
Акнун ба як суол чӣ гуна посух гирифт, ки чанде аз он роҳбарони ДИИШ, ки дар боло сабти ном гардид, онҳоро киҳо ба ин вазифа таъин намуд, хусусан, роҳбари ДИИШ дар Ироқро, ки таъин кард ва ӯ кӣ буд? Абубакр – ал – Бағдодӣ соли 1971 дар Ироқ таввалуд шуд. Шамиъун Элит ном як корманди махсуси Хадамоти ҷосусии Массад (Исроил) баъд аз паҳн гардидани ДИИШ то билоди Сурия ба ҳайси халифа таъин гардид.
Шайхҳои такфирӣ ва ифротии равияи салафия барои байъат намудан ба Абубакри Бағдодӣ дастур ва фатво доданд. Аз он вақт ДИИ ба ДИИШ табдили ном кард. Шахсияти Шамиъун Элит бо таври махфӣ нигоҳ дошта шуда буд ва ӯро бо номи Абубакри Бағдодӣ мешинохтанд.
Тибқи маълумотҳои дастрас намуда, маълум гардидааст, ки Абубакри Бағдодӣ мусалмон нест ва ӯ яке аз яҳудиёни арабитабори Ироқ ба ҳисоб рафта, аз шаҷараи Иброҳим Авад, Иброҳим Алӣ Муҳаммад ал – Бадрӣ – ас – Самаррай мебошад. Ӯ Донишгоҳи Бағдодро хатм карда, унвони д.и. таърих ва ҳуқуқҳои исломӣ дошт.
Рӯзномаи «Алқудс – ал – арабӣ» – и чопи Лондон дар мусоҳиба бо яке аз устодони Донишгоҳи Бағдод маълумоти ҷолиберо дар бораи Абубакри Бағдодӣ, ки донишҷӯи ӯ буд, рӯи нашр овард.
Аз ҷумла, дар рӯзномаи мазкур оварда шудааст, ки “муддатҳост, аз Абубакри Бағдодӣ хабаре ба гуш намерасад, аммо ӯ ҳануз ҳам сюжети хубест дар расонаҳо”.
Яке аз устоди Донишгоҳи Бағдод дар Ироқ бо номи Аҳмад Алкабисӣ дар ҷавоб ба рӯзномаи «Алқудс – ал – арабӣ» навиштааст: “Абубакри Бағдодӣ-саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ яке аз шогирдони ман буд, ки ӯ ҳамеша дар охири синф менишаст ва яке аз танбалтарин ва бадтарин шогирдонам ба ҳисоб мерафт”.
Ӯ роҳбари гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткорони равияи салафӣ мебошад. Бехатарии ӯ аз ҷониби хадамотҳои махсус таъмин карда мешавад. Абубакри Бағдодӣ яке ҷинояткорони бераҳм, тундрав, душмани дини ислом ва тамоми мусалмонҳо ба ҳисоб меравад.
Қайд намудан ба маврид аст, ки Шамиъун Элит – Абубакри Бағдодӣ дар суханрониҳояш барои ҷалби мусалмонҳо худро аз қабилаи Қурайш ва аз авлоди Паёбари Худо Муҳаммад (с.а.в.) муаррифӣ намудааст. Абубакр – ал -Бағдодӣ 5 – уми июли соли 2014 дар масҷиди ҷомеи Мосули Ироқ расман суханронӣ намуда, худро Амир – ул – муъминин – Халифаи “Давлати исломӣ” эълон кард. Халифаи “Давлати исломӣ” – Абубакри Бағдодиро пайравонаш аз номи Қуръон ва суннат дар арсаи байналмиллалӣ таблиғ намуданд.
Ӯ яке ҷосусони аршадии ИМА ба ҳисоб меравад.
Барои ошкор нашудани ҳамкории Абубакри Бағдодӣ бо Хадамоти мустаъмирӣ ва ҷосусӣ Вазорати дифоъи Амрико ӯро бо дигар ҷинояткорони шохаи Ал-қоида дастгир намуда, дар қатори боздоштшудагон дар лагери махсуси «Букка» нигоҳ медоштанд. Дар ин лагер ӯ зиндониёнро шиканҷа, озор ва азоби зиёд медод.
Дар лагери “Букка” тақрибан 20 -26 ҳазор зиндонӣ нигоҳ дошта мешуд. Сипас аз он ҷо озод гардида, бо тариқи ҳавопаймо ба Амрико интиқол дода шуд.
Тибқи иттилоотҳои давлатҳои Ғарб, ӯ дар яке аз муҳорибаҳо ҳангоми ҳамлаи ҳавоӣ ба ДИИШ дар Ироқ маҷрӯҳ гардида, дар яке шифохонаҳои Исроил аз ҷароҳат ва шикастани устухонҳои баданаш дар бистараст ва ӯ наметавонад бе кӯмаки дигарон роҳ равад.
Аз солҳои ташкил шудани ДИИШ то ба имрӯз тибқи иттилоотҳои дастрасгардида аз 25 то 100 ҳазор зархаридон ва қотилон қариб аз 110 давлатҳои дунё аз синни 13 то 69 сола бо шиори ташкил кардани “Халифат дар тамоми дунё” меҷанганд. Мақсади асосии ғаразнокашон – сохтани “Давлати исломӣ” дар тамоми Шарқи наздик мебошад.
Хотирнишон месозам, ки на танҳо ҷавонони тоҷик узви фаъоли ДИИШ ба ҳисоб мераванд, балки ҷавонони дигар давлатҳои хурду бузурги рӯи дунё низ шомили ин гурӯҳ ҳастанд, ба монандӣ:
1. Тунис (2926 ҷангӣ);
2. Арабистони Саудӣ (3224 ҷангӣ);
3. Иордания (3 ҳазор ҷангӣ);
4. Фаронса (1910 ҷангӣ);
5. Марокко (аз 1,2 то 1,5 ҳазор ҷангӣ);
6. Индонезия, Миср, Англия, Олмон, Лубнон (аз 500 то 1000 нафари аз ҳар як давлат);
7. Федератсияи Руссия (3417, боз 5000 нафари дигар аз Туркия баргардонида шудаанд);
8. Давлатҳои СНГ (8,7 ҳазор), аз он ҷумла аз Тоҷикистон -1300 нафар (боз 3000 нафар аз Туркия дастгир карда шуданд), аз Ӯзбекистон -1500, 500 нафар аз Қирғизистону Қазоқистон ва 400 нафар аз Туркманистон буданд.
Аз 1300 нафари аъзои ин гурӯҳ аз Тоҷикистон 300 нафар кушта шуданд, 147 нафар гашта омаданд, 780 нафари дигар дар “Давлати исломӣ” ҷангида истодаанд ва онҳо дар кофтукоб ҳастанд.
Аз 1300 нафар – 85% – и онҳо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Руссия ба ҳисоб рафта, аз он ҷо бо тариқи фиребу ташвиқотҳои бардурӯғ гумроҳ шуда ба Туркия рафта ва аз он ҷо ба Сурия рафта, ҷангида, маҷрӯҳ, фавтида, пушаймон гаштаанд.
Солҳои охир ба гурӯҳҳои террористӣ ва “Давлати исломии Ироқу Шом” (ДИИШ) шомил гардидани ҷавонон сокинони қисми зиёди сайёраро ноором ва ба ташвиш овардааст.
Аз ҷумла, шаҳрвандони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ низ бо роҳҳои гуногун ба ин гурӯҳҳои маргталу тундрав ҷалб гардиданд ва шуда истодаанд.
Қисми зиёди онҳоро агар ҳаваси ба зуддӣ соҳиби пулу мол шудан ба гумроҳӣ барад, қисми дигари онҳо аз нофаҳмию ноогоҳӣ ва соддагӣ, надоштани хатту саводи кофии диннию дунявӣ ва «Фанатизми динӣ» водор месозад.
Омили дигари шомил гардидани ҷавонон ба ин гурӯӯҳо ин камбизоат будани баъзе аз ҷавонон, аз мактаб дур мондани онҳо ва надоштани касби муайян мебошад.
Маҳз ҳамин гуна ҷавонон, аз ҳама пештар ва бештар бо роҳи осон ба сайди доми афроди тундрави беватан ифротгаро табдил меёбанд.
Мутаасифона, даҳҳо, садҳо ҷавонон: писарону духтарони мо ҳам бо ин хел ташвиқотҳои бардурӯғ ба дасти иғвогарон афтода аз тарафи Туркия ба Сурия рафта ба гурӯҳи ДИИШ афтода, террорист-экстремист шудаанд.
Аз ҳамин сабабҳо, насли калонсол – падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, матбуот, радиову телевизион ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба кор баранд, вохурӣ ва сӯҳбатҳои судман ташкил намоянд, гуфтор ва намоишҳои ибратомӯзро бештар пахш кунанд, то онҳо ба доми фиребу, ташвиқоти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро наафтанд.
Саидшоҳи Сафархон – омӯзгори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии ДДБ ба номи Носири Хусрав