Дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар ҷумҳурӣ ҳизбу созмонҳое пайдо шуданд, ки фаъолияти онҳо дар асл ба ғайриқонунӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ва дигар намудани сохти ҷамъиятӣ равона шуда буд. Онҳо чанд муддат тавонистанд ҷумҳуриро ба маҳалҳо ҷудо намуда, бо таҳдиду зӯроварӣ ва мардумфиребӣ силоҳнок намудани гурӯҳҳои алоҳида машғул шаванд. Дар натиҷа оташи ҷанг таҳмилии шаҳрвандӣ аланга зада, дар ҷараёни он шумораи зиёди мардуми бегуноҳ ба ҳалокат расид ва ба сокинони мамлакат хисороти зиёд расонида шуд.
Маҳз бо талошҳои шабонарӯзӣ ва ташаббусу иқдомҳои дурандешона ва сулҳхоҳона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои маллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ин раванди пурфоҷиа ва фалокатбор гирифта шуд. Дар натиҷа ба мо муясссар гардид, ки хатари дар ҷомеаи кишвар паҳн шудани терроризму ифротгароии хушунатомезро бартараф карда, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ шуруъ намоем.
Пеш аз ҳама, мо бояд баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, таҳсилоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар, ки яке аз сарчашмаҳои асосии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоти террористию экстремистӣ мебошад, инчунин аз худкунии донишҳои зарурии дунявӣ саҳм гузорем.
Инчунин ба маданияти истифодаи интернет таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷавононро ба истифодаи дурусти он одат кунонему дар мавриди пайваста шудан ба интернет бояд аз мутолиа, тамошо ва паҳн намудани мақола ва наворҳои аъзои фаъоли ҳизбу ҳаракатҳои фаолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъгардида худдорӣ намоянд. Зеро дастовардҳои охирини технологӣ аз ҷониби ин ташкилотҳо васеъ ва бо маҳорати баланд истифода бурда мешаванд. Маҳз Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз ҳамчун яке аз воситаҳои асосии паҳнкунандаи ҳар гуна ақидаву идеологияи харобиовар ба кор бурда мешаванд.
Имрӯз ҷомеаро зарур аст, ки тамоми ақлу заковат, дониш ва таҷрибаи ҳаётии худро ба он равона созад, ки ҳодисаҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пешгири ва аз байн бурда шаванд.
Баҳри пешгирӣ аз экстремизму терроризм ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, бояд тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба сулҳу субот, оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик корҳои оммафаҳмонӣ бештар ба роҳ монда шаванд. Дар ин сурат мо метавонем, ҷавонони худро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намоему ояндаи давлату миллати худро равшан бинем.
Шарифзода Баҳром Абдуалӣ,
номзади илмҳои филологӣ, саромӯзгор,
декани факултети забони англисӣ
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи
Носири Хусрав