Имрӯз, 18- уми октябр дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар таҳти унвони “Саҳм ва нақши донишмандони маъруфи форсу тоҷик дар ташаккули донишҳои риёзӣ ва табиатшиносӣ” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафарбекзода Ҳукмиддин, профессорон Комилӣ А., Сатторов А., номзади илмҳои физикию математикӣ, дотсент Холов М., муовниони деканҳои факултетҳо оид ба илм ва инноватсия ва мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафарбекзода Ҳукмиддин бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки чунин мизҳои мудаввар махсусан дар назди институти таҳқиқотӣ метавонад дар самти илмҳои дақиқ барои муҳаққиқони ояндаи донишгоҳ бо самар бошад.
Сипас, директори ИИТИТТ, профессор Комилӣ А, дар мавзуи “Аз Хоразмӣ то Хаём” маърӯза намуд.Зикр гардид, ки фаъолияти мутафаккирони тоҷик дар рушди илмҳои дақиқ ба хусус дар самти риёзи басо калиди баҳисоб меравад. Аз ҷумла асарҳои Ал-Хоразмӣ дар илми ҳисоб басо баланд мебошад, ёдовар гардид – Комилӣ А,
Баъд, профессор Сатторов А. дар мавзуи “Фаъолияти олимони форсу тоҷик дар асрҳои миёна” баромад намуда, вобаста ба фаъолияти мутафаккирони асримиёнагии форсу тоҷик маълумоти мухтасар дод.
Ходими пешбари институти илмӣ таҳқиқотии таърихи илмҳои табиатшиносӣ ва техникии Холов М. Дар мавзуи “Ситорашиносӣ аз назари Берунӣ” маърӯза намуда, оид ба мавзуи мазкур бо далелҳои раднопазир ибрози андеша намуд.
Пас аз шунидани маърӯзаҳо иштирокчиён ба музокира баромада вобаста ба мавзуҳои матраҳгардида фикру пешниҳодҳои худро мавриди таҳлили илмӣ қарор доданд.