Дар асоси таҳкими ҳамкориҳои донишгоҳҳо – Донишгохи давлати Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишгохи давлати педагогии Алтай имрӯз курси омӯзиши забони русӣ бо иштироки мутахассисони донишгоҳи мазкур Киселёва Оксана Анатольевна номзади илмҳои филологӣ, дотсент ва Казюк Нина Васильевна саромӯзгори Институти психология ва педагогикаи ДДПА бо барномаи “Русский язык в профессиональной деятельности” оғоз гардид.
Гуфта мешавад, ки курси омӯзишӣ мудати як ҳафта идома меёбад. Раёсати донишгоҳ ва омӯзгорони донишгоҳ, ки дар гурӯҳҳои таълимиашон ба забони русӣ дарс мегӯянд иштирок намуда, дар анҷоми курс сазовори сертификат мегардад.
Ёдовар мешавем, ки курси мазкур дар минтақаи “Дӯстии халқҳо” ва бинои асосии донишгоҳ гузаронида шуд