Имрӯз, 23-юми октябри соли 2024 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён, фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Бохтар дар доираи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” доир гардид.
Дар ин вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло ва Маҷидзода Сарвиноз, муовини ректор оид ба таълими ДДБ ба номи Носири Хусрав, дотсент Ҳамдамзода Хурсанд ва муовини раиси шаҳри Бохтар Қурбонзода Наргис иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди Ватани азизамон – Тоҷикистон баромад намуда, ҳозиринро ба ҷашни 30 – солагии қабули ин санади Олии қонунбарор шодбош гуфтанд.
Номбурда зимни баромад иброз доштанд, ки Конститутсия қонуни муҳимми давлат буда, дар он ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон зикр ёфтааст. Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидзода Сарвиноз дар мавзуи “Конститутсия ва ҷавонон” маърӯза намуд.
Пас аз маърӯза мудири кафедраи рӯзноманигорӣ, номзади илмҳои филолгӣ, дотсент Шарипов Сангимурод ба сухан баромада, ҳозиринро барои ташриф овардан ба донишгоҳ хайрамақдам гуфтанд. Мавсуф зикр намуд, ки маҳз Ваҳдату субот буд, ки мо тоҷикон соҳиби давлати соҳибистиқлол, нишон, парчаму суруд миллӣ ва Конститутсия гардидем.
Дар идомаи вохӯрӣ ба ваклиони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо пешниҳод гардида, ҷавобҳои қаноатбахш дода шуданд.