Имрӯз, 25-уми октябри соли 2024 дар толори Қасри фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Муаммоҳои омӯзиши осори Носири Хусрав ва саҳми ӯ дар таърихи тамаддуни тоҷикон”, бахшида ба 1020-солагии мутафаккири бузург ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи конференсия ректори донишгоҳ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, докторони илми филология, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Аламхон Кучарзода, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуров Нуралӣ, профессорони донишгоҳ Тағаймуродов Рустам ва Абдулҳай Комилӣ баромад намуданд.
Сипас, ректори донишгоҳ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат баромад намуда, иброз доштанд, ки воқеан Ҳаким Носири Хусрав яке аз чеҳраҳои мондагори илму адаби тоҷик буда, бо осори гаронбаҳояш ба монанди “Сафарнома”, “Саодатнома”, “Ҷомеъ-ул-ҳикматайн”, “Зод-ул-мусофирин” ва ғайраҳо, ки теъдодашро то 30 номгӯй баршумурдаанд, дар таърихи тамаддуни тоҷикон саҳми босазое гузоштааст.
Гуфта мешавад, ки дар кори конференсия беш аз 100 мақолаҳои илмӣ-назариявии муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ, ки дар онҳо масъалаҳои гуногун баррасӣ шудаанд, дастрас ва дар шакли маҷмуаи мақолаҳои илмӣ рӯйи нашр омаданд.
Дар идомаи ҳамоиши байналмилалӣ ба як қатор устодоне, ки рисолаҳои илмии худро дифоъ намудаанд ва роҳбарони рисолаҳои илмии онҳо низ аз ҷониби ректори донишгоҳ бо мукофоту туҳфаҳои пулӣ қадрдони карда шуданд.
Дар охир аз ҷониби ҳайати профессорону устодон ва иштирокчиёни конференсия акси хотиравӣ гирифта шуд.