Баъди барқароршавии Ҳокимияти Шуравӣ дар Осиёи Марказӣ зарурати таъсиси ҳудудҳои миллӣ ба миён омад. Аз ин лиҳоз Ҳукумати Шуравӣ масъалаи тақсимоти миллӣ-ҳудудии ин маҳалро пеш гузошт. Моҳҳои сентябру октябри соли 1924 марзбандии миллии Осиёи Миёна дар тасвибномаҳои мақомоти олии давлатии Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва ИҶШС сурати қонунро гирифт. 11 – уми октябри соли 1924 Бюрои Сиёсии КМ РКП (б) гузориши комиссияро таҳти раёсати В. В. Куйбишев шунид. Бюрои сиёсӣ зарур донист, ки ҷумҳурии мухтори тоҷикон (ба ҷои вилояти мухтор) дар таркиби ҶШСӮзбекистон созмон дода шавад: созмони хизбии вилояти Тоҷикистон ба таркиби РКП(б) тавассути Кумитаи Марказии созмони ҳизбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шомил мегардад.
27 октябри соли 1924 иљлосияи дуюми КИМ ИҶШСтасмимро дар хусуси марзбандии миллии Осиёи Миёна ва таъсиси ҶШС Ӯзбекистон ва Туркманистон, ҶМШС Тоҷикистон дар таркиби Ӯзбекистон , Вилояти мухтори Карокирғиз (Қирғизистон) дар таркиби Ҷумҳурии Федеративии Шуравии Сотсиалистии Русия ва Вилояти мухтори Қароқалпоқ ба таркиби ҶМШСҚазоқистон ба тасвиб расонид. Моҳҳои ноябру декабри соли 1924 амалан ба расмият даровардани воҳидҳои навтаъсиси давлатӣ амри воқеъ гардид.
Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон сарзаминҳоеро муттаҳид мекард, ки дар онҳо ғолибан тоҷикон буду бош доштанд; масоҳати умумиаш 135620 километри мураббаъ, аҳолиаш 739503 нафар. Аз ҶХШ Бухоро вилоятҳои Душанбе, Ғарм, Қўрғонтеппа Кўлоб ва тумани Қаратоғи вилояти Сариосиё, аз ҶМШСТуркистон ноҳияҳо, (вилоятҳо)-и Ўротеппа (Истаравшан) ва Панљакент ба Тоҷикистон ҳамроҳ шуданд. Андаке сонитар (январи соли 1925) ба таркиби ҶМШСТоҷикистон вилояти Помир шомил гардид, ки сипас номи Вилояти мухтори Бадахшонро гирифт.
26 ноябри соли 1924 дар Тошканд Кумитаи Инқилобии ҶМШСТоҷикистон — нахустин ҳукумати Тоҷикистони Шуравӣ — таҳти раёсати Нусратулло Махсум Лутфуллоев таъсис ёфт.
Тақсимоти ҳудуди миллӣ дар сарнавишти таърихии мардумони Осиёи Миёна аз ҷумла ќавми тоҷик нақши бағоят азиме пайдо кард. Барқарории Ҳокимияти Шуравӣ ва таъсиси ҶМШСТоҷикистон мардуми тоҷикро аз ҳамагуна таҳлил шудан (ассимилясия) бо туркҳо наҷот дод ва барои ў роҳи растохез ва рушду камолро кушод. Марзбандии миллӣ пирўзии азими сиёсати миллии ленинїгашт. Ташкили Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон он ақидаи туркпарастҳоро зеру забар кард ва торумор сохт, ки гўё тоҷикон халки алоҳида ва мисли ин ки фақат тоҷикони кўҳистони Помир забони модариашонро ҳифз карданд, вале дигарҳо ҳама дар ибтидои қарни XX «турк шуда», махсусиятҳои миллиашонро аз даст додаанд.
Дар асари таъсиси ҶМШСТоҷикистон , ки дар қаламрави сиёсӣ як қисми тоҷиконеро, ки дар Осиёи Миёна сукунат доштанд, муттаҳиду мутаффиқ сохт, ваҳдати ҳаёти иқтисодии онҳо пурқувват гардид. Ҳамбастагӣ ва якпорчагии хоҷагию сиёсии як бахши тољикзамин, ки пеш дар воқеъ аз ҳам ҷудо буданду дар мунозираҳои доимӣ қарор доштанд, ба амал омад. Дар ҳаёти љамъиятию сиёсии Тоҷикистон и мухтор раванди таъсис-ёбии ҶШС Тоҷикистон яке аз воќеањои муњими дорои аҳамияти сиёсӣ, иқтисодӣ, маданї ва байналхалќї дошта ба њисоб меравад.
Солҳои 1925-1929 чи Ҳукумати Тоҷикистон ва чи аҳли ҷомеа дар бораи беадолатињои тақсимоти соли 1924 ба Комиссариати Халқии миллатҳо ва Ҳукумати ИҶШС мактубу муроҷиатҳо карданд. Ин масъала баҳси махсуси Бюрои Осиёимиёнагии КМ ВКП (б), Комиссариати Халқии миллатҳо гардид. Вале онро ба осонї њал карда нашуд. Ҳукумати Тоҷикистон ин масъаларо бо роҳи конститутсионӣ, дар доираи қонунњои асосии ҶМШС Тоҷикистон, ҶШС Ӯзбекистон ва ИҶШС ҳал кард .
Ҳисоботҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар назди Ҳукумати Умумииттифоқ аз пешравињои иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии тамоман мустақил будани он ва талабу дархостҳои мардуми Хуҷанду Бухорои Шарқӣ сабаб шуданд, ки Ҳукумати Ӯзбекистон дар бораи баргардонидани музофоти Хуҷанд ба Тоҷикистон розигии худро диҳад. Дигар ин Президиуми КИМ ҶМШС Тоҷикистон ҳамеша дар ҷустуҷўи ҳалли ин масъала буд ва ин равандро назорат мекард. Сессияи чоруми даъвати якум КИМ ҶМШС Тоҷикистон апрели соли 1929 лоиҳаи қонуни асосии ҷумҳуриро муҳокима карда қарор кард, ки он барои муҳокима ва тасдиқ кардан ба Анҷумани II шуроҳоиҶМШС Тоҷикистон пешнињод карда шавад.
Анҷумани II Шуроҳои ҶМШС Тоҷикистон 21-28- уми апрели соли 1929 дар Душанбе барпо гардид. Анҷуман лоиҳаи Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ро муҳокима карда қабул намуд ва ба Президиуми КИМ пешнињод намуд, ки Қонуни асосии ҷумҳуриро барои муњокима ва тасдиқ ба Анҷумани III Шуроҳои Ӯзбекистон пешкаш намояд.
Қабул кардани Қонуни асосии ҶМШС Тоҷикистон дар доираи Қонунњои асосии ҶШС Ӯзбекистон ва ИҶШС татбиқ гардида буд. Ин Қонуни асосӣ дар ҷумҳурӣ барпо гардидани диктатураи синфи коргар, ҷорӣ гардидани тартиботҳоеро, ки барои оммаи меҳнаткаш манфиат дошт мустаҳкам мекард. Дар доираи худ ҳуқуқҳои демократӣва баробарии тамоми меҳнаткашонро новобаста ба нажод, миллат ва динашон эълон дошт.
Қонуни асосӣ мақомоти олии давлатиро дар ҳудуди Тоҷикистон Анҷумани Шуроҳои умуми Тоҷикистон ва дар фосилаи байни Анҷуманҳо КИМ Шуроҳои ҶМШС Тоҷикистон ва мақомоти иҷроия ва идоракунанда Шурои Комиссариати халқии ҶМШС Тоҷикистон эълон карда буд. Дар маҳалҳо бошад, Ҳокимиятро Анҷуманҳои маҳаллӣ (Анҷуманҳои вилоятӣ, округӣ, кентӣ, волостӣ, ноҳиявӣ) ташкил ва идора мекарданд.
Анҷумани II Шуроҳо инчунин хоҳиши меҳнаткашони музофоти Хуҷанди ҶШС Ӯзбекистонро дар бораи аз ҳайати Ӯзбекистон баромада, ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон дохил шуданашро ба назар гирифта, қарор қабул кард, ки дар бораи ба ҳайати Тоҷикистон баргардонидани музофоти Хуҷанд ба Анҷумани III Шуроҳои Ӯзбекистон муроҷиат намояд. Ин қарор дар асоси Эъломияи соли 1925 дар бораи тақсимот қабул шуда буд. Дар он омада буд, ки то ба охир расидани љанги шаҳрвандӣ ҳудудҳои тоҷикнишини музофотии Хуҷанд дар ҳайати Ӯзбекистон мемонад. Инак, ҷанг тамом шуда, азнавбарқароркунӣ анҷом ёфта буд ва давраи иҷрои қонун ҳам расид. Қарори Анҷумани II Шуроҳои Тоҷикистон ро Анҷумани III Шуроҳои ҶШС Ӯзбекистон 25 майи соли 1929 муҳокима намуда, қарорро дар бораи ба Тоҷикистон баргардонидани музофоти Хуҷанд қабул кард. Ин қарор Ҳукумати Умумииттифоқро низ водор кард, ки ҳуқуқҳои конститутсионии Тоҷикистон ро ба инобат гирад. Чунки бо ҳамроҳ гардидани Хуҷанд се шарти конститутсионии таъсиси ҷумҳуриҳои мустақил фаро расида буд. Аҳолии Тоҷикистон акнун аз 1 млн. зиёд, бо ду Ҷумҳурии хориҷӣ – Хитой ва Афғонистон ҳамсарҳад ва зиёда аз нисфи аҳолии он тоҷикон буданд. 12 июни 1929 Президиуми КИМ ИҶШС баъди муҳокимаи ҳисоботи Ҳукумати Тоҷикистон қарорро дар бораи аз ҳайати Ӯзбекистон баромадани онро ва таъсис додани Ҷумҳурии иттифоқии Шуравии сотсиалистии Тоҷикистонро ва њамчун Ҷумҳурии мустақилу комилҳуқуқба ҳайати ИҶШС дохил шудани онро қабул кард. Ва инчунин қарор кард, ки ин масъала ба муњокимаи Анҷумани Шуроњои Ӯзбекистон ва Президиуми КИМ Ӯзбекистон гузошта шавад. Ҳукумати Умумииттифоқ барои ҳалли ин масъала ду моҳ муҳлат муайян намуд.
13 июли 1929 КИМ ҶШС Ӯзбекистон қарори аз њайати Ӯзбекистон ҷудо шудани Тоҷикистонро қабул карда, бо сардории Юлдош Охунбобоев комиссияи махсусро таъсис дод.
Ҳамин масъалаи ҷудо шудан аз ҳайати Ӯзбекистон ва ба ҳайати ИҶШС дохил шудани Тоҷикистонро Президиуми КИМ Тоҷикистон 11 ва 24 августи соли 1929 муҳокима карда қарор кард, ки Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
4 сентябри соли 1929 акти ба ҶМШС Тоҷикистон баргардонидани музофоти Хуҷанд ба имзо расид. 11 сентябр КИМ ҶМШС Тоҷикистон қарори «Ҷудо шудани Тоҷикистон ро аз Ӯзбекистон ва ба ҳайати ИҶШС њамчун Ҷумҳурии мустақил дохил шудан»-ро зарур шуморида, инчунин қарор кард, ки барои ҳалли масъалаи мазкур 15 октябри соли 1929 Анҷумани Фавқулодаи Шуроҳои ҶМШС Тоҷикистон даъват карда шавад.
Ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон ин танҳо як қарору ҳисоботҳо набуд. Ин масъалаи миллӣ, сиёсӣ ва байналмилалӣ ҳам буд, ки нозукиҳои миллию сиёсӣ ҳам дошт.
13 октябр Анҷумани Фавқулодаи III Шуроҳои ҶШС Тоҷикистон дар Душанбе ба кор сар кард. Дар кори Анҷуман намояндагони ҳама минтақаҳои халқҳои ҷумҳурӣ ва намояндагон аз ҷумҳуриҳои иттифоқӣва Ҳукумати Умумииттифоқиштирок доштанд. Яке аз қарорҳои аввалини Анҷуман ин қарор дар бораи таъсисёбии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон буд,
Таъсиси ҶШС Тоҷикистон ба худогоҳии миллии мардуми тоҷик, ба шавқу ҳаваси пурзўри ҷавонон ба илму маърифат, барои гирифтани маълумот, барои парваришу густариши ҳунару фарҳанги миллӣ мусоидат кард.
МИРЗОЕВ ҒОЛИБШО ШАРИФОВИЧ – мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав