Имрӯз, 27 – уми октябр устодону дониҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба ном Носири Хусрав ба ҳашари дастҷамонаи пахтачинӣ дар хоҷагии деҳқонии ба номи Ф.Саидов сафарбар гардиданд.
Дар ҳашари пахтачинӣ, ки дар рӯзи истироҳатӣ рост омада буд, муовни ректор оид ба таълим Ҳамдамзода Хурсанд, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Фатҳуллоев Икромиддин ва деканони 14 факултети донишгоҳ саҳми худро барои талаф наёфтани дастранҷи деҳқонон ба ғунучини тиллоӣ сафед саҳм гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки зиёд аз 300 нафар устодону донишҷӯёни донишгоҳ ба ҳашари дастаҷамии пахтачинӣ сафарбар карда шудаанд.