Бо қарори Комиссияи Олии Аттестатсионии Назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои диссертатсионии 6D.КОА- 048 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои назаррасу фаъолияти бенуқсон дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ – техникии тахассуси олӣ бахшида ба 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 10 – солагии таъсисёбии Комиссияи Олии Аттестатсионии Назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шурои диссертатсионии беҳтарин» дониста шуд.
Гуфта мешавад, ки дар кишвар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав миёни дигар донишгоҳҳо мавқеи намоён дорад. Раёсати донишгоҳ ҳайати профессорону устодони донишгоҳро барои ноил гардидан бо сипоснома ва 5 гонаи беҳтарин Шурои диссертатсионӣ самимона табрик менамоянд.