Дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷамъияти илмии донишҷӯён дар асоси нақшаи корӣ фаъолият намуда, дар он масъалаҳои мубрами соҳа мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар доираи фаъолияти ҷамъияти илмии донишҷӯён масъалаи “Нақш ва танзими фаъолияти сармоягузорӣ дар комплекси агросаноатӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар баррасии мавзуи макур Султонов М.С. – н.и.и., муовини декан оид ба илм ва иноватсия, мудири кафедраи Баҳисобгири Муҳосибӣ н.и.и. Мирзозода М.С., доктори илмҳои фалсафа аз рӯи ихтисоси PhD, Гулов Б.М. ва дониҷӯёну устодони факултети молиявию иқтисодии донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд.
Нахуст, роҳбари ҷамъияти илмии донишҷӯён Гулов Б. ҳозиринро ба мавзуи матраҳшаванда ошно намуд.
Сипас, Холов Э. дар мавзуи “Фондҳои мақсадноки давлатӣ” дар назди ҳозирин баромад намуд.
Иброз намуд, ки фонд асоси иқтисодӣ буда, самаранок истифода бурдани он аз маҳорати илмию назариявии ҳар як иқтисодчӣ вобастагӣ дорад.
Дар охир иштирокчиён назару андешаҳои худро роҷеъ ба мавзуи матраҳшаванда баён намуданд.