Имрӯз, 4-уми ноябр дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар бахшида ба 30 – юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” таҳти унвони “Конститутсия ганҷинаи хайри башар” доир гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет, дотсент Шодиён Б.С., номзадҳои илми иқтисодӣ, дотсентон Раҳимов Н.Р., Зувайдуллозода Г., ва дигар устодону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Декани факултет Шодиев Б. зимни суханронӣ қайд кард, ки Конститутсия яке аз арзишҳои миллӣ ба ҳисоб рафта, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар меҳвари ин ҳуҷҷати муҳим қарор дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар намуданд.
Сипас, омӯзгори кафедраи фаъолияти гумрук Раҳимов Н. дар мавзуи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади тақдирсози миллат” маърӯза намуд. Ҳамчунин дар идомаи мизи мудаввар мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудит, дотсент Зувайдуллозода Г. низ дар мавзуи “Конститутсия санади олии ҳуқуқӣ ва муайянкунандаи низоми идоракунии давлатӣ” маърӯза намуд. Нотиқон изҳор доштанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми идоракунии пурраи мамлакатро ба низом оварда, меъёрҳои асосии давлатдориро муайян сохт. Музокира, баёни андеша ва саволу ҷавоб миёни иштирокчиёни мизи мудаввар баргузор гардид.