Андешаҳои омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар шумораи ҷашнии РӮЗНОМАИ “ХАТЛОН” аз чоп баромад.
ҶАШННОМАИ “ХАТЛОН”
Рӯзномаи вилоятии «Хатлон» бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бо ифтихор лоиҳаи махсуси худ – шумораи ҷашнии рамзан иборат аз 30 саҳифаро пешкаши хонандаи арҷманд мегардонад!
Дар ин шумораи бемисоли 30-саҳифагӣ матлабҳои пурмуҳтаво, ҷолиб ва маърифатиро дарёфт мекунед. Аз ҷумла:
30 иқтибоси хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аҳамияти Конститутсия ва нақши онро дар ҳаёти ҷомеа нишон медиҳанд. Ин суханон барои дарки системаи ҳуқуқии мо ва таҳкими принсипҳои демократӣ замина фароҳам меоранд.
Ҳамчунин, рамзан 30 навори махсусе, ки тавассути QR-рамзҳо дастрасанд, дар бораи таърихи Конститутсия ва аҳамияти он барои мардуми Тоҷикистон маълумоти бештар медиҳанд.
Бахшида ба 30-солагии Конститутсия чайнворди махсуси мо, дар шакли рақами 30 тартиб ёфтааст, ки онро метавонед аз саҳифаи 30-и шумора пайдо кунед.
Омодагии мо ба ин рӯйдоди муҳим – 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҷузъи талошҳои мо барои паҳн кардани донишҳои ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ мебошад.
Фурсати ошноӣ бо шумораи беназири идонаи рӯзномаи “Хатлон”-ро аз даст надиҳед! Хонед, омӯзед ва бо дӯстон мубодила кунед! Мо якҷоя ояндаи дурахшони ватанамонро месозем!
“Хатлон”