Чист озодӣ? Бурун аз ҷода по нагзоштан!
По хилофи адлу инсофу вафо нагзоштан.
Бо низоми зиндагии иҷтимоӣ сохтан,
Ҳарфи қонун ҳеҷ гаҳ беэътино нагзоштан.
Шӯр хезонад, низоми зиндагиро бишканад
Ҳаққу ҳам масъулиятро ҷо ба ҷо нагзоштан.
Рутбаи инсонии моро бурун меафканад
Сарҳаде байни равову нораво нагзоштан.
Ҳаст Сарқонуни кишвар дар масал киштии Нуҳ,
Умри мардумро ба гирдоби бало нагзоштан.
Ҳаст қонун, ҳаст тартибе барои зистан,
Бар ҳарими ҳар касе инсофи по нагзоштан.
Сафармуҳаммад Аҳмад,
мудири кафедраи адабиёти тоҷик, узви ИНТ