12 – уми ноябри соли 2024 дар толори маҷлисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи байналмилалии илмӣ – назаривяии дар соҳаи варзиш миёни донишгоҳҳои Федератсияи Россия ва давлатҳои Осиёи миёна аз ҷумла Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба таври маҷозӣ (онлайнӣ) доир гардид, ки дар он устодони донишгоҳ
мавърӯза намуданд.
Конференсияи илмӣ назариявиии байналмилалӣ дар Донишгоҳи давлатии Рязани Федератсияи Россия ба номи С. А. Есенин баргузор гардид, ки дар он донишгоҳҳои давлатҳои болозикр иштикро ва маърӯза намуданд.
Гуфта мешавад, ки дар кори конференсияи байналмилалӣ декани факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дотсент Хуҷазода Умед ба таври маҷозӣ дар мавзуи “Физическая культура способствует укреплению мира и дружбы во всем мире” маърӯза намуданд.
Гуфта шуд, ки сиёсати имрӯзаи ҳуқумати Тоҷикистон дар баробари сулҳҷӯёна будан, боз соҳаи варзишро чун калиди солимии ҷомеа медонад.
Хуҷазода Умед дар идомаи маърӯза ёдвора гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон сохта ба истифода додани майдонҳои варзишӣ, солимгардонии аҳоли ҳадафи асосии сиёсати варзишдӯстонаи президенти мамлкат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.
Дар охири конференсияи байналмилалӣ, ки иштирокчиён миёни донишгоҳшои давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, табодули таҷрибаю андеша намуданд.