Санаи 10 – уми ноябри соли 2024 як гурӯҳ устодону донишҷӯёни факултети менеҷмент ва идораи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз мавзеҳои таърихии кишварамон дидан намуданд.
Дар ин тадбирҳои муҳим устодон Бобоев О., Хоҷаалиев Ф. саҳм дошта, донишҷӯёни гурӯҳҳои 101-107-и ихтисоси иқтисод ва идораи сайёҳӣ ва географияи иқтисодии факултети мазкур аз қалъаи Ҳисори боздид намуданд.
Зимни боздид, гуфта шуд, ки қалъаи Ҳисор дар 5-километрии Шимолу Ғарбии шаҳри Душанбе ҷойгир шуда, дар бисёре аз сарчашмаҳои таърихӣ бо номи шаҳри Шумон зикр шудааст. Қалъаи мазкур дар асри XV—XVII мелодӣ сохта шудааст. Айни замон чун Қалъаи Ҳисор миёни сокинони кишвар ва берун аз он муаррифӣ шудааст.
Қалъаи Ҳисор дар баробари инъикоси таърихи тоҷикон ба як минтақаи сайёҳӣ табдил ёфта, макони сайри ҷаҳонгардон гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки тибқи нақша – чорабинҳои Раёсати донишгоҳ тамоми донишҷӯёну устодон аз мавзеҳои таърихӣ бостоншиносӣ дидан менамоянд, ки ба ташаккули донишу ҷаҳонбинии онҳо таъсири мусбат мерасонад.
Все реакции:
22