Имрӯз, 13 ноябри соли равон дар асоси нақша – чорабиниҳои Шуъбаи тарбияи донишгоҳ бахшида ба Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Саҳми Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳ ва бунёди давлатдории навини тоҷикон» ҳамоиши тарбияӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш масъулони бахши тарбияи донишгоҳ, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Нурализода Наргис дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлати муосир», мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Набизода Эмомалӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат ва ташаккули сулҳу ваҳдати миллӣ», мудири кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳӣ Наимзода Бегмурод дар мавзӯи «Мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» баромад намуданд.
Зимни баромадҳо қайд карда шуд, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон агар аз як тараф дар ҳаёти сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар самтҳои фаъолияти мардум тағйироти куллиро ба бор оварда, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар заминаи мусоид гузошта бошад, аз ҷониби дигар ҷиҳати зуҳури фарзанди фарзонаи миллат, яъне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсат ва давлатдории муосири арсаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ дорад.
Илова гашт, ки маҳз сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ густариш пайдо намуда, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидан ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии сиёсати давлат муайян карда шуданд.
Дар қисмати охири чорабини омӯзгорону донишҷӯён доир ба хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сулҳу ваҳдати миллӣ, барқарории сохти конститутсионӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум, ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ ва муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ баромад намуданд.