13 – уми ноябри соли 2024 дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили илмии “Муаррих-кишваршинос”-и назди кафедраи таърихи умумӣ, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар маҳфили илмии дониҷӯён декани факултет, дотсент Баҳодуров Б.Ф., мудири кафедраи таърихи умумӣ профессор Алимов Д.Х., мудири кафедраи фарҳангшиносӣ ва мардумшиносӣ Мирзоев М. , дотсент Наботов Ф. ва дигар устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Зимнан декани факултет Баҳодуров Б., роҷеъ ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуд.
Иброз доштанд, ки маҳз заҳматҳои пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо дар арсаи ҷаҳон чун миллати тамаддунофар шинохта шудем.
Пас аз суханронии Баҳодуров Б., дигар
маърӯзачиён дар мавзуи “16 – уми ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷмкистон” ва “24 – уми ноябр Рӯзи парчами миллӣ” баромад намуданд.
Дар охир иштирокчиён аз таъриху корнамоиҳои пешвои миллат огаҳӣ пайдо намуда ба саволҳои худ ҷавоби мушаххас гирифтанд.