Устодони арҷманд ва шогирдони азиз!
Дар таърихи давлатдории миллати тоҷик мафҳуми “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба шахсият ва хидматҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, дар Рӯзи Президент беихтиёр шахсияти таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои бузурги ӯ дар роҳи наҷоти давлату миллат пеши рӯй меоянд.
Таърих гувоҳ аст, ки нахустин бор Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна ва таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд.
Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар даврони Истиқлолият на танҳо равобити судманде бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.
Обрӯ ва нуфузи имрӯзаи Тоҷикистон низ дар арсаи ҷаҳонӣ самараи талошҳои пайгирона ва хастанопазири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ бо қабули масъулияти кишвар дар солҳои басо вазнин ва пайгирии ҳадафҳои олии созанда манфиати умумимиллиро аз ҳамаи манфиатҳои дигар боло гузошта, боварии халқро соҳиб шуд. Ғамхорӣ барои ояндаи миллат, далерию шуҷоат, дарки вазъияти пурхатари баамаломада, қабули қарорҳои таъҷилӣ барои ҳифзи тартиботу мудофиа, иҷтимоиёти аҳолӣ ӯро сазовори маҳбубияти халқи кишвар гардонида, билохира дар лаҳзаи тақдирсози Ватан дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ Раиси Шурои Олии кишвар интихоб гардид ва бо ҳамин тақдирашро як умр ба тақдири халқу ватани хеш пайваст.
Корҳое, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ анҷом дод, боис шуд, ки дар дохили мамлакат тамоми халқ, махсусан равшанфикрон ва неруҳои ақлонӣ ба нақшаву барномаҳои ояндаи ӯ бо диди умед бингаранд ва бо боварӣ пайрави роҳаш бошанд.
Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устуворе гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком мебахшад ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортаре дар паҳнои олам ҷовидона хоҳад монд. Аз ин лиҳоз, бо боварӣ метавон гуфт, ки хизматҳову саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эъмори давлати нави соҳибистиқлол дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар хотираи халқамон як умр боқӣ хоҳад монд.
Ҳозирини гиромӣ!
Мо хуб медонем, ки пешрафтҳои чашмраси ҳамаи соҳаҳои халқ, алалхусус соҳаи маорифи кишвар аз таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба он сарчашма мегирад. Мардони рўзгордида шоҳиди он ҳастанд, ки дар муддати кўтоҳ бо заҳмату талошҳои шабонарўзии Пешвои миллат шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ хеле боло рафта, имрўз маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва калидии давлат қарор гирифтааст. Низоми таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба танзим даромада, қонуну қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Бино бар ин, таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои миллат ба соҳаи маориф моро водор менамояд, ки тамоми неруи ақлонию зеҳнии худро дар партави иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат барои беҳбудӣ бахшидан ба сифати таълим, корбасти навтарин усулҳо дар таълими дарсҳо, истифодаи техника ва технология дар раванди таҳсилот, омода намудани мутахассисони варзидаву дорои ахлоқи ҳамидаи ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ равона созем.
Ба хотири татбиқи ҳадафҳои муҳим ва тақдирсози ҷомеа, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш гирифтааст, ҳамагон бояд масъулиятшиносу фидокор бошем, бо дасти поку дили гарм меҳнат кунем. Тарбия дар мисоли кору пайкори Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як ватандор ва фарзанди фарҳетаи миллат бояд дар меҳвари фаъолияти ҳаррўзаамон қарор дошта бошад. Имрӯз, моро зарур аст, ки зери сиёсати оқилонаю бомароми Пешвои миллат, муттаҳид гардида, дар раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни умумимиллиамон, 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ саҳмгузор бошем.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, Рўзи Президентро, ки рамзи сулҳу ваҳдати миллӣ, ватану ватандорист, ба тамоми устодону донишҷўён табрик гуфта, таманнои онро менамоем, ки ҷавонони боору номус, худшиносу худогоҳ ва соҳибмаърифати кишвар баҳри ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол дучанд фаъолият намоянд, комилтар таҳсил намуда, натиҷаҳои меҳнатиро дар ҳамаи самтҳои давлатдорӣ тақвияту густариш бахшанд ва дар ободии кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Рўзи Президенти кишвар муборак!