16 – уми ноябри соли 2024 дар факултети Менеҷмент ва идораи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили навбатии “Географони ҷавон” доир гардид.
Дар маҳфили навбати мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва МТГ Қувватов Ф.М., муовини декан оид ба илм ва инноватсия Маҳкамова Ҷ. ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст, роҳбари маҳфил Қаландаров Н.А , иштирокчиёнро ба рӯзномаи маҳфил ошно намуд.
Дар идомаи маҳфил Рауфов Б.М., дар мавзуи “Оқибатҳои нохуши экологию иҷтимоии фоҷиаи баҳри Арал” баромад намуд.
Баъд аз шунидани баромад, донишҷӯёни курси 3 – юми ихтисоси география дар мавзуи “Асосҳои иқтисодиёт” ва “Омилҳои ивазшавии иқлим” маърӯза намуданд.
Дар охир иштирокчиён вобаста ба мавзуҳои матраҳгардида назару андешаҳои худро иброз намуданд.