18 – уми ноябри соли 2024 дар факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили навбатии “Минбари ҳуқуқшинос” – и назди кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ баргузор гардид.
Дар кори маҳфил ҷонишини декан оид ба таълим омӯзгор Музаффарзода П.М., мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ, дотсент Абдураҳимов С.Қ., мудири кафедраи фалсафа дотсент Субҳонзода С.И., Аблаева М.Ҳ., Аскарализода С.А., Шоев А.Ҷ. ва дигарон устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Сараввал роҳбари маҳфил омӯзгор, Аскарализода С.А. ба сухан баромада ҳозиринро бо нақша кории маҳфили навбати шинос намуда ҳозиринро ба маҳфили илмӣ шодбош намуд.
Дар идомаи маҳфил ду маърӯза аз Илёси Сафархон донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ дар мавзуи “Таълимот дар бораи Конститутсия ва хусусиятҳои он” зери роҳбарии омӯзгор, Аскарализода С.А.ва Садриддинова Саҳоба донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси психолонияи ҳуқуқшиносӣ дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ – воситаи муҳимми амалигардонии ҳуқуқ” зери роҳбарии омӯзгор Абдураҳимова Ҳ.Х. шунида шуданд.
Дар охир иштирокчиён пешниҳоди хешро оиди мавзӯъҳои мубрам ва мухталифи ҳуқуқӣ мубодилаи афкор намуданд.