Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, муовини ректор оид ба таълими ДДБ ба номи Носири Хусрав
Соҳаи маориф ва илм дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта, баҳри рушди ҳамаҷонибаи соҳа ва таъмини фаъолияти босамари кормандони он шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳамасола дар кишварамон аз ҷониби давлату ҳукумат, шахсони саховатпешаву ватандӯст ва кумитаи падару модарон муассисаҳои таълимии наву замонавӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд меёбанд, ки барои илмомӯзиву касбазхудкунии онҳо мусоидат мекунанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28-уми декабри соли 2024 дар баробари таҳлилу баррасии дигар бахшу соҳаҳои хоҷагии халқ ба соҳаи маориф ва илм, таҳкими ихтирокориву навоварӣ, рушди эҷодкорӣ, эҳёи расму оинҳои миллӣ ва ҳофизаи таърихӣ дар шароити имрӯзаи бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки мо бояд насли наврасу ҷавони кишварамонро дар руҳияи илмомӯзӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия ва ба камол расонем. Дур мондани наврасону ҷавонон аз таҳсил ва надоштани касбу ҳунари мувофиқ метавонад ба миллату давлат хатарҳои ҷиддӣ дошта бошад. Чунончӣ дар Паёми худ Пешвои миллат зикр карданд: “Дар баробари ин, бояд гуфт, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”.
Дарвоқеъ, дар ҳама давраҳои таърихӣ илму хирад ва шахсони донишманду фозил миллату давлатро аз нобудӣ наҷот додаанд. Ҳамин аст, ки сармоягузорӣ ба неруи зеҳнӣ ва муҳайё намудани шароити илмомӯзиву касбазхудкунӣ зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлат қарор дорад. Имрӯзҳо кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар дар шароити бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, вусъат гирифтани низоъҳои шаддиду геопалитикӣ, зиёд шудани амалҳои террористиву экстремистӣ, афзоиши бемориҳои сироятӣ ва дигар зуҳуроти хавфнок насли наврасу ҷавони кишварамонро дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор доштан аз марзу буми аҷдодӣ, ҳифз ва таҳкими Истиқлолу ваҳдати сартосарӣ ба камол расонида истодаанд. Хушбахтона, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ, касбӣ ва олии кишварамон низ дар озмуну олимпидаҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён ва дар муаррифии миллату давлат мусоидат намуда истодаанд, ки ин аз дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ дарак медиҳад.
Бо пуштибони аз илму маориф ва фарҳангу тамаддуни пурғановат ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи донишу ҷаҳонбинии насли наврасу ҷавони кишвар озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳамасола дар кишварамон ташкилу роҳандозӣ гардида, аз ҷониби сокинон ҳамовозии амиқ пайдо намуда, сол то сол доираи доманаи он васеъ гашта истодааст. Мушоҳида мешавад, ки хонадагону донишҷӯён ва сокинони кишвар чун пештара рӯй ба китоб оварда, донишу ҷаҳонбинии худро ба ин васила рушду густариш мебахшанд. Маҳз фарди соҳибилму соҳибхирад метавонад дар дигаргун намудани сатҳи некуаҳволии худу дигарон саҳмгузор бошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ зикр намуданд, ки: “Мо дар соҳаи фарҳанг истеъдодҳои зиёде дорем, ки гулчин ва тарбия кардани онҳо вазифаи мову шумост. Дар шаш сол дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 21 ҳазору 500 нафар иштирок карда, қариб 500 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд. Дар озмунҳои дигар, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» низ то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан, наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд”.
Дар натиҷаи ташкили озмунҳои мазкур наврасону ҷавонони соҳибистеъдоду суханвар, эҷодкору навовар ва ҳунарманд кашф гашта истодаанд. Ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва илм мо кормандони соҳаро водор менамояд, ки сатҳу сифати машғулиятҳои таълимиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот мутобиқи замони муосир ба роҳ монда, насли наврасу ҷавони кишварамонро дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ба камол расонем.
Ҷаҳони муосир бо рушди илму техника ва фанновариҳои худ ҳаёти моро дигаргун намудааст. Имрӯз ҳама гуна хизматрасониҳо ва иртибот тавассути технологияҳои инноватсионӣ амалӣ мегарданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти рушди босуръати технологияҳои муосир дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр доштанд, ки: “Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд. Ҳамзамон бо ин, дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад”.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба натиҷаҳои баланди иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоиста барои ҳар сокини кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин замина санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, Барномаву Консепсияҳои давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд. Тибқи таҳлилҳо дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7, 7 фоизро ташкил дод, ки ин нишондиҳандаи баланд дар соҳа мебошад. “Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд”. Татбиқи босамари ҳадафҳои Стратегӣ ва барномаҳои миёнамуҳлату дарозмуддат ба рушди иқтисоди миллӣ замина гузошта, боиси коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар гардид.
Қайд намудан зарур аст, ки хизматчиёни давлатӣ, кормандони соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва намояндагони дигар соҳаҳо дар заминаи Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии кишвар ироа намуданд нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, дар асоси он фаъолият бурда истодаанд.
Дар донишгоҳ барои ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯён шароити мусоиди корӣ ва таҳсил фароҳам оварда шудааст. Ҳамасола дар Паёмҳои солонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии устодону кормандони соҳаи маориф ва илм музди маоши онҳо баланд карда мешавад, ки ин ҳавасмандиву масъулияти кори омӯзгоронро бештар мекунад. Тавре дар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд: “Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш медиҳам, ки аз 1-уми сентябри соли 2025:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад;
– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дар баробари ин, аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад”.
Боварӣ дорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус хизматчиёни давлатӣ, кормандони соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва намояндагони дигар соҳаҳо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” сармашқи кори худ намуда, барои татбиқи дастуру супоришҳои додашуда дучанд меҳнат карда, ба натиҷаҳои баланди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ноил мегарданд.