Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Боиси хушнудист, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул шудааст. Ҳадаф аз роҳандозии боз як ҷашнвораи давлатӣ эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон шудааст.
Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон аст, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, таҷассумгари дирӯзу имрӯз ва фардои ормонҳои миллии мо мебошад.
Воқеан моҳи ноябр барои миллати мо моҳест пур аз санаҳои саршор аз рӯйдодҳои таърихӣ, яъне аз таҷлили Рӯзи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сар карда то ба Иҷлосияи тақдирсози миллат XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистону Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инак боз як санаи муҳим, 24 – уми ноябр Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлил аст, ки дар моҳи ноябр ба вуқӯъ пайвастааст.
Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон – яке аз идҳои расмии Тоҷикистон, 24 ноябри соли 2009 бо фармони Президенти Тоҷикистон қабул гардида, ҳар сол 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад ва рӯзи корӣ ба шумор меравад. Парчам рамзи ягонагиву соҳибистиқлолии ҳар як миллату давлат буда ба шаҳрвандони онҳо муқаддас аст.
Вакилони мардумӣ бо дарки аҳмият ва нақши парчам дар пешбурди давлатдорӣ, инчунин, бо дарназардошти анъанаи парчамдории гузаштагони худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд.
Қабули парчами давлатӣ ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид. Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ, ки дар масири таърих бо номи «Дирафши Ковиён» ёд карда мешавад, ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди миллӣ, эътиқод ва эътимод пайдо карданд.
Тасдиқи парчами давлатӣ дар давраи басо ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, ки истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт, вале мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад.
Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани парчами давлатӣ иқдоми олии ватандӯстона ва кӯшиши нахустин барои рафъи хатари ба сари давлат ва миллати куҳанбунёд омада буд.
Мардуми Тоҷикистон ва ҷавонмардони ғаюру далери он зери Парчам ҳамчун рамзи давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳнамоиҳои Эҳёгари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омаданд ва ҳамин Парчами давлатиро буса намуда, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиданд, ба кишвар сулҳу оромӣ ва ба сокинони мамлакат осоишро фароҳам оварданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки бо қабули рамзҳои сиёсӣ, махсусан Пачами давлатӣ, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷонисориҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи тоҷикон ба даст омад ва давлат ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои нахустини устувор гузошт.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва санади дорои эътибори олии ҳуқуқии давлат дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ, Парчами давлатиро рамзи давлатӣ эълон карда, онро ба ҳайси яке аз унсурҳои бунёдии сохтори конститутсионӣ ва давлатдории миллӣ эътироф намудаст.
Минбаъд тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рамзҳои давлатии мо, аз ҷумла тартиби афрохтану истифодаи Парчами давлатӣ танзим гардида, эҳтиром ва садоқат ба онҳо ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ дар сатҳи олии қонунӣ қарор дода шуд.
24 ноябри соли 2009 бори нахуст мардуми кишвар Рӯзи Парчами давлатиро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва ба шукронаи даврони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил намуданд.
Имрӯзҳо хурду бузурги мамлакат эътимоди комил доранд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон парафшон хоҳад буд.
Аз ин лиҳоз ҳар як Тоҷику Тоҷикистониро ба ин рӯзи таърихӣ – Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқану самимона шодбош гуфта, фазои софу беғубор бо партавафшонии Парчами Миллӣ таманно дорам. Худо кунад, ки Парчами Миллиамон ҳамеша бо воқеаҳои хушҳолкунандаву таърихӣ дастболо бошад. Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамчун рамзи озодӣ ва саодати абадӣ халқи моро ба қуллаҳои мурод расонида, дар фазои сулҳу субботи кишвар ҳамеша парафшон бошад.
Худойназаров Шавкат, омӯзгор кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии факултети педагогика ва варзиши ДДБ ба номи Носири Хусрав