Ҳамасола мардуми Тоҷикистон Рӯзи Парчами миллиро, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мо муқаррар шудааст, дар фазои сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва садоқат ба ормонҳои чандинасраи халқамон таҷлил мекунанд.
Бояд қайд кард, ки парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст. Ливои миллат қувваи сафарбаркунанда ва муттаҳидкунанда дошта, мардуми сарзаминро ба хотири амалӣ намудани мақсаду мароми некбинона даъват мекунад.
Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки яке аз дастовардҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 тасдиқ гардидани Парчами давлатӣ мебошад.
Бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, дар он нишонаҳои парчам, тартиби афрохтан ва тасвири он пешбинӣ гардид.
12 майи сли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул кардид, ки дар он тартиби афрохтани парчам, ҷойгиркунии тасвири он пешбинӣ гардида, Парчам ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуд.
Аз 19 ноябри соли 2009 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид тағйирот вори карда, 24 ноябр – Рузи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи ид қонунӣ гардонида шуд.
Ногуфта намонад, ки гузаштагони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳуввияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоя кардаанд. Яъне, парчами давлатӣ барои мо як пораи матои оддӣ набуда, балки дар он даъват ба муттаҳидӣ, ваҳдат, ғайрату номус, ватандустиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум ва саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар таҷассум гардидааст.
Ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол парчами миллии мо имрӯз дорои се ранг буда, ранги сурх – рамзи муборизаву ҷонисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз бошад – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландӣ, хуррамӣ ва абадият мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки парчами давлатӣ Тоҷикистон чун дирафши ковиёнӣ барои халқи тоҷик бисёр азизу муқаддас аст. Дар рӯбарӯи парчами давлатӣ Тоҷикистон аз сарбози оддӣ то Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири хизмати содиқона ба Ватану миллати хеш савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд.
Дар пешгоҳи бинои Созмони Миллали Муттаҳид ва созмонҳои ҷаҳоние, ки Тоҷикистон узви онҳост, инчунин сафоратҳо ва намояндагиҳои кишварамон дар давлатҳои дигар парчами мо пуртавфишонӣ мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кишваре сафар кунад ва мулоқот анҷом диҳад ё варзишгарони тоҷик чун дар мусобиқаҳо пирузӣ ба даст оранд, баробари садо додани Суруди миллӣ парчами кишварамон низ афрохта мешавад.
Дар охир қайд кардан зарур аст, ки эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои миллатро аз оғози таърих то ба имрӯз дорад. Эҳтироми ливо – арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, ба ниёгони тамаддунсозамон, эҳтироми парчами миллӣ дар миёни мардум ҳамчун муқаддасоти волои миллӣ пазируфта мешавад.
Шамсуллозода Холназар, омӯзгори кафедраи назарияи иқтисодии
факултети молиявию – иқтисодии ДДБ ба номи Носири Хусрав