Дар поёни соли 2024, яъне дурусттараш санаи 28.12.2024 Паёми Пешавои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ироа гардид. Ҳамасола мардуми Тоҷикистон бесаброна ироаи Паёмро интизорӣ мекашанд, чунки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои соли сипаригаштаро ҷамъбаст намуда, барои соли минбаъда вазифаву корҳоро мушаххас мекунанд. Дар ин Паём ба назари инҷониб нуктаи хеле муҳимми он аз иборат буд, ки Пешвои миллат чун ҳарвақта соҳаи маорифро соҳаи калидӣ баён дошта, тамоми ҷомеаро ба он даъват карданд, ки рў ба маориф биоранд, яъне дар канори вазифаҳои аслию асосии хеш дастгиру ҳомии маорифчиён кишвар бошанд. Масалан, ӯ чунин иброз доштанд: «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад.Дар баробари ин, бояд гуфт, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад.
Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд» [ПАЁМ].
Аз ин рў, яке аз бахшҳои муҳим дар соҳаи таълиму тарбия ин сифтаи таълим мебошад. Дар бештар аз сию се соли соҳибистиқлолӣ дар самти маориф корҳои назаррас ва бесобиқа анҷом дода шудааст ва низоми маорифи мамлакт имрӯз ба ниҳоди пурқувват табдил ёфтааст. Аммо ба ҳамагон маълум аст, ки ҷомеаи мутамаддин ба пеш рафта истодааст ва дар ақсои олам дар самти маориф дигаргуниҳои азим ба амал омада истодаанд, аз ин рў моро лозим аст, ки дар пайравӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои беҳтару хубтар шудани сатҳу сифати таълим ва боло бурдани касбияти мутахассисони омода карда мешуда чораву тадбирҳои наву ҷадидро ба кор гирем. Ҳамон тавре дар Паём омадааст: «Аз ин лиҳоз метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад». Яъне имрўз мо миқдори кофии муассисаҳои таълимӣ ва таълимгирандагон низ дорем, аммо сифати таълим ба талаботи давру замони муосири ҷавобгў намебошад. Аз ин рў, ба андешаи Пешвои миллат тамоми ҷомеаро лозим аст, ки ба низоми маориф рў биоранд ва хосатан дар масири баланд бардоштани сифати таълиму тадрис ва баланд бардоштани касбияти мутахассисони ҷавон чораҳои қатъиро ба кор гиранд.
Сифати таҳсилот ҳамчун воситаи муайян кардани дараҷа ва сифати дониш, маҳорат, малака, рушди ақлонӣ, ахлоқӣ ва ҷисмонӣ, инкишофи шахсият, маънавиёт ва шаҳрвандии фаъоли насли наврас ба кор бурда мешавад.
Барои таъмин намудани сифтаи таҳсилот дар ДДБ ба номи Носири Хусрав тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст ва фақат моро лозим аст, ки аз имконоти мавҷуда истифода намуда, равишҳои ҷадидро ба кор гирифта сатҳу сифати таълиму тадрисро баланд бардорем. Аз ин рў, дар ин масир эҷодкорӣ ва навоварии ҳар як омўзгор хеле муҳим аст, ки ў дар меҳвари тамоми корҳо дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму қарор гирифтааст.
Имрўзҳо, хушбахтона, ба омўзгор ва мақоми он дар ҷомеаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи калон зоҳир карда мешавад ва ҳамон тарве ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли гузашта баён доштанд, ҳоло дар Тоҷикистон масъулин соҳа ба таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омўзгор» фаъолият карда истодаанд.
Аз ин рў, моро лозим аст, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, ҳамагӣ аз як гиребон сарбароварда барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот тамоми тадбирҳои лозимар ба кор гирем.
Гулов Қодир – сардори шуъбаи
идоракунии сифати
таҳсилоти ДДБ ба номи Носири Хусрав