Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 28 – уми декабри соли 2024 ироа гардид, ки тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакатро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ин навбат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф, ки сиёсати идоракунии давлатиро ба маориф мансуб медонад боз таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуданд. Аз ҷумла “дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд”.
Маҳз таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки сохтумони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии кишвар мавриди баҳрабардории қарор гирифтаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки танҳо дар се моҳи охири соли 2024 чунин муассисаҳо сохта шудаанд.
Дар партави созандагӣ, маърифат парварии сарвари мамлакат боз музди меҳнати кормандони соҳаро шурӯъ аз 1 – уми сентябри 2025 боз зиёд намуданд.Чуноне, ки:”– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;[ Паём]
Пешвои миллат ҷиҳати самаранок гардидани заҳмати маорифчиён сол аз сол музди меҳнати кормандони баланд бардошта мешавад. Ин аз он далолат мекунанд, ки соҳа ба мутахассисони сатҳи байналмилалӣ омода карда шаванд. Бо ин мақсад дар идомаи паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин дастур доданд. “Бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд.
Яъне дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.
Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд” [Паём].
Андешаю пешниҳодҳои раҳнамун соз аст, ки сол аз сол соҳаи маориф аз самтҳои муҳиму аввали зери назари бевоситаи ҳукумати кишвар қарор гирифтааст. Чунин дастуру пешниҳод аз далолат мекунанд, ки вазъи демографӣ, суръати рушди илму техналолияро Пешвои миллат ба инобат гирифта баҳри амалан ҳосил гардидани ҳадафҳои ҳукумати кишвар чораҳои дахлнопазир меандешанд. Зимни таҳлилу баррасии паём чунин ёдовар гардиданд:
“Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд”.
Боиси сарфарозист, ки ин паём дар амал татбиқ намудани назария ба амалияи илмӣ фарқ мекард. Зеро он тадбирҳое, ки дар тӯли си сол аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андеши дашудааст, онро дар амал роҳандозӣ намуда солҳои 2025 – 2030 – ро чун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд.
Ироаи паёми навбатиро метавон барномаи миллии давлатӣ унвон кард, ки зеро пешбурди тамоми самтҳои хоҷагии халқ тибқи дурнамои даҳсола моро ба ҳадафҳои тарҳрезигардидаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина ба мақсад мерасонад.
САДРИДДИНИ АЙНИДДИН, номзади илмҳои таърих, дотсенти ДДБ ба номи Носири Хусрав