Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28 декабри соли 2024 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, як роҳнамои стратегии рушди кишвар ва ифодаи амиқи ғамхорӣ ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа маҳсуб мешавад. Ин паём, ки дар он дастовардҳои бузурги даврони истиқлол ва нақшаҳои ояндаи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, барои мо, ҷавонон, як сабақи муҳим ва илҳомбахш аст.
Яке аз бахшҳои муҳимтарини паём қадрдонӣ аз модар ва нақши ӯ дар ҳаёти инсон аст. Пешвои миллат бо суханони пурмуҳаббат изҳор доштанд: “Модар неъмати бузурги илоҳист. Ҳамаи инсонҳо, ғайр аз Одаму Ҳавво, дар домони поки модар тарбия ёфта, бо меҳру муҳаббат ва навозишҳои ӯ ба ҳаёт қадам гузоштаанд.” Ин суханон на танҳо эҳтироми Пешвои миллатро ба мақоми модар инъикос мекунанд, балки моро водор менамоянд, ки бештар ба қадри модар бирасем ва дар бораи масъулиятҳои худ нисбат ба ӯ фикр кунем.
Ҳар яки мову шумо аз модар ба дунё омадаем. Ҳар муваффақияте, ки дар ҳаёт ба даст меорем, аз дуои модар сарчашма мегирад. Пешвои миллат таъкид карданд, ки “Модар одам меофарад, яъне ҷуз модар дигар ҳеҷ муъҷизае нест, ки инсонро офарад.” Ин суханон нишон медиҳанд, ки модар на танҳо манбаи зиндагист, балки сарчашмаи тарбияи маънавӣ ва ахлоқӣ низ мебошад.
Шири модар, ки аз муҳаббати беандоза ва фидокории ӯ сарчашма мегирад, барои ҳар як фарзанд мояи ҳаёт ва тавоноист. Дар ҳақиқат, модар ганҷи бебаҳо ва нигини ноёфтанист. Пешвои миллат бо таъкид изҳор доштанд, ки ҳар шахс бояд то вақте ки зинда аст, ба модар ғамхорӣ кунад, зеро дуои падару модар умри инсонро бобаракат ва зиндагиро пурмаъно месозад.
Дар паём яке аз самтҳои муҳими рушди кишвар ҷорӣ намудани низоми рақамии хизматрасониҳои бонкӣ ва истифодаи васеи технологияи молиявӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар зикр гардид. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ин иқдомҳо ба сатҳи баланди хизматрасонӣ мусоидат намуда, шароити зиндагии мардумро беҳтар хоҳанд кард. Ин тадбирҳо як ҷузъи сиёсати дарозмуддати давлатӣ мебошанд, ки ҳадафи он таъмини рушди устувори иқтисод ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои сокинон аст.
Бо ин мақсад, давлат тамоми шароитҳоро фароҳам меорад, то ки аҳолӣ, махсусан ҷавонон, аз имкониятҳои технологияи муосир самаранок истифода намоянд. Инчунин, пешрафти хизматрасониҳои молиявӣ ба рушди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани дараҷаи зиндагии мардум мусоидат хоҳад кард.
Дар паёми худ Пешвои миллат аз ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, даъват карданд, ки масъулияти бузурги худро дар пешбурди ҷомеа эҳсос кунанд. Ҷавонон бояд бо меҳнат, донишомӯзӣ ва содиқ будан ба арзишҳои миллӣ барои ободии Ватан саҳми назаррас гузоранд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки нерӯи созанда ва созгори ҷавонон метавонад Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои пешрафтаи минтақа табдил диҳад.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як барномаи ҳамаҷонибаи рушди кишвар аст. Ин санади муҳим барои тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон, ҳамчун як роҳнамои ҳаётӣ ва ҳидоятгари маънавӣ хизмат мекунад. Мо вазифадорем, ки аз ин паём сабақ гирем, ба қадри сулҳу суботи кишвари худ бирасем ва бо заҳмату талошҳои худ барои ояндаи дурахшони Ватани азизамон Тоҷикистон саҳм гузорем.
Зувайдуллозода Ганҷина, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав