23 -юми ноябри соли 2024 дар Шурои диссертатсионӣ, барои дарёфти дараҷаи доктори фалсафа (Phd) – доктор аз аз рӯйи ихтисоси 6D021300 – Забоншиносӣ (6D021302 – забоншиносии муқоисавӣ – таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ)-и назди Муассисаи давлатии таълимии ” Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода” ҳимояи рисолаи номзадии Ҳамроев Қурбоназар Маҳмарасулович дар мавзуи “Таҳлили луғавӣ – грамматикии истилоҳоти маориф дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ”, зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷаматов С.С. баргузор гардид. Ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав устод Ҳамроев Қурбоназар Маҳмарасуловичро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи тарбиявӣ ва илмию таҳқиқотӣ комёбиҳо таманно доранд.