Аҳли Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Асрорзода Убайдулло Сатторро бинобар бо унвони ифтихории профессори фахрии 2 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Мардумии Хитой сарфароз гардидан самимона табрик мегӯянд.
Ин қадршиносӣ, ки бо шукӯҳу шаҳомати хос дар Донишгоҳи сиёсат ва ҳуқуқ ва Донишгоҳи касбии Заочжунги Хитой сурат гирифт, идомаи мантиқии болоравии мақому манзалати кишвари азизамон таҳти раҳбарии Абармарди дунёи сиёсат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад. Қадршиносии Асрорзода Убайдулло Саттор аз ҷониби ин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки нуфузи байналмилалӣ доранд, дар маҷмуъ, эътирофу арҷгузории маориф ва илми мамлакат буда, месазад, ки аз ин дастовардҳо ифтихорманд бошем.
Дар заминаи ин дастовард бори дигар собит гардид, ки ба шарофати дастгириҳои рӯзафзуни Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бемайлон буда, ҷойгоҳаш дар арсаи байналмилалӣ тамоюли бесобиқаи болоравиро касб кардааст.
Муборак ва муттасил бод!
Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав