Ҳамкасбон ва устодону шогирдони арҷманд!
Парчами миллӣ дар кишварамон дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ мақому мартабаи махсусеро доро буда, рамзи садоқат, дӯстиву рафоқат, фахру ҳуввият, баёнгари соҳибихтиёрии миллат ва ифтихори ҳар як фарди худшиносу ватандӯст аст.
Бояд хотиррасон кард, ки қабул гардидани парчам, амнияту оромӣ, истиқрори сулҳ ва дастоварду комёбиҳои даврони истиқлол ба номи шахсияти бузургу нотакрори таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи қавию ногусастанӣ дорад. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат тоҷикон соҳиби парчами миллӣ гардиданд.
Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки зимни суханрониашон бахшида ба Рӯзи парчам хеле бамаврид қайд кардаанд: “Дар парчами кишвари мо давлат бо иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номуси ватандориву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст. Парчам барои миллат ахтар ва барои лашкар қудрат аст. Ҷилваи Парчам шабеҳи болафшонии парандаи бахту иқбол аст”.
Имрӯз мо бо қаноатмандӣ ва ифтихор он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро дар бораи қабул гардидани рамзҳои давлатӣ ба хотир меорем. Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта мешуданд, рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон – Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуд.
Дар ҷаҳони муосир доштани парчами миллӣ ин нишони Истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ буда, давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.
Воқеан, парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистони мо аст. Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтиром ба парчами миллӣ бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне эҳтиром ва арҷгузорӣ ба парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ ва қарзи ҳар фарзанд ва шаҳрванди ҷомеа бошад.
Мо бояд, аз Парчами миллии худ ифтихор намоем, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ, озодиву истиқлоли Ватан ва ҳамчун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда талқин намоем, зеро парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст.
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз яке аз масъалаҳои мубрам ин ҳифзи музаффариятҳои истиқлолияти давлатӣ, ба ҷавонон фаҳмондани равандҳои харобиовари замони муосир ва амиқ дарк намудани онҳо мебошад. Барои пешгирии ин равандҳо дар байни ҷавонон ноил шудан ба сатҳи баланди худшиносӣ ва матраҳ сохтани масоили иҷтимоӣ зарур аст. Агар инсон то ба сатҳи баланд рушд накунад, ба зинаи худшиносӣ нахоҳад расид, зеро танҳо шахси ба дараҷаи муайяни камолоти инсонӣ расида метавонад худшинос гардад.
Насли ҷавонро бояд ҳушдор дод, ки неруҳое, ки инсонҳоро ба ҷангу терроризм ва радикализми динӣ сафарбар менамоянд, ҳавасмандии инсонҳоро аз моҳияти аслиашон бегона сохтан буда, онҳо муқобили ҳисси худшиносии миллии наслҳоянд. Ҷавонон бояд огоҳ бошанд ва донанд, ки халқи тоҷик соҳиби таърихи қадимаи давлатдорӣ ва фарҳанги ҷаҳоншумул буд. Имрӯз бошад оғӯши пурмеҳр ва дару дарвозаҳои ошёни Ватани мо ба сӯи Хуршед ба истиқболи нуру зиё, ба пазироии ҳама дӯстону хушбинон боз аст.
Мақсаду мароми ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар руҳияи баланди хештаншиносиву меҳанпарварӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия намудани насли ҷавони имрӯза мебошад.
Дар хотир бояд дошт, ки муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллӣ ҳар як фарди бонангу номуси кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, ягонагӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои он, ки қарзи фарзандии ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад, бояд ҳидоят намояд.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи Шуморо ба ҷашни пурифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрику таҳният гуфта, ба Шумо бахту саодат ва тамоми шодкомиҳоро таманно менамоям. Бигузор, Парчами пурҷило ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд!
Рўзи Парчами давлатӣ муборак!