Таҳти раёсати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 24 ноябри соли 1992, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия масъаларо «Дар бораи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда буд. Доир ба моҳият ва аҳамияти қабули рамзҳои давлатӣ академик Муҳаммад Осимӣ гузориш дод, ки он дар рӯзномаи “Садои мардум” нашр шуда буд.
Сипас, аз ҷониби вакилон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд.
Ҳамин тариқ, 24 ноябри соли1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ – Парчами давлатӣ гардид ва дар асоси муқаррароти моддаи 3- юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди Миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ эътироф шуд.
Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари асосҳои давлат ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» муқаррар шудааст, ки эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Далелҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки тоҷикон дар парчамдорӣ таърихи куҳан доранд ва ин худ далели маърифати баланд аст. Бостоншиносон истифодаи онро то солшумории милодӣ собит намудаанд. Нақши нахустпарчами мо – «Дирафши коваёнӣ»-ро Фирдавсии бузург хеле барҷаста тасвир кардааст. Вожаи сермаънову тоҷикии “дирафш”, ки дар асри V то милод истифода мешуд, куҳантарин муродифи “парчам”буд. Пас аз инқилоби октябр ба силсилаи муродифҳои “парчам”вожаи туркии “байрақ” ворид гашт. “Дирафш” ва “парчам”вожаҳои ноби тоҷикӣ буда, аз вожаҳои “байрақ, алам, ливо ва роят” бо зебогиву махсусияти худ бартарӣ доранд.
Аз аҳди бостон парчам ифодагари мавқеи сарлашкар ва нерубахшу ҳидоятгар ба пирӯзӣ дониста мешуд. Ғасби парчами лашкар аз ҷониби лашкари дигар маънои пирӯзӣ бар онро дошт. Парчами лашкар таври доимӣ аз ҷониби гурӯҳе аз сарбозон назорат ва ҳимоя мешуд, ки ин анъана то ба имрӯз боқист.
Дар Энсиклопедияи советии тоҷик омадааст, ки парчам “рамзи синф, миллат, ягонагии ҳарбӣ, ҳизбӣ, динӣ ва ҷамъиятии ташкилотҳои гуногун мебошад”.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 12 майи соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, тартиб ва ҷойи афрохтани Парчами давлатӣ муайян шудааст.
Ин қонун аз ду боб иборат аст ва боби дуюми он ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Тибқи Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, Парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳҳои расмӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҷумҳурӣ ва мақомоти прокуратура, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон насб карда мешавад. Парчами давлатӣ, инчунин дар нақлиёти хизматии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир, роҳбарони ҳайати давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҷумҳурӣ ва шахсони дигар тибқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.
Парчами давлатӣ рамзи Истиқолияти давлатӣ, иттиҳоди осебнопазири коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад. Ҳафт ситора дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора ба ҳафт иқлими ҷаҳон, ҳафт бародарон, ҳафт табақаи осмон, ранги сурх рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқ ва ранги сабз рамзи саъю кӯшиш ва заҳмати халқ баҳри сарсабзиву хуррамии кишвар аст.
Соли 2009 бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, бо тартиби ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», аз 19 ноябри соли 2009 ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад. Бузургии ин рамзи давлатдорӣ дар он зоҳир мегардад, ки дар назди Парчами давлатӣ аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то сарбози одӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Дар ҳама ҳамоишҳои расмӣ, пирӯзиҳои варзишгарон зери садои Суруди Миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта мешавад. Дар рӯзи ҷашнҳои миллию давлатӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинои идораву созмон, ташкилотҳои гуногуни мамлакатро оро медиҳад ва меҳру муҳаббати халқро ба ин муқаддасот ифода мекунад.
Ин рӯз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастӣ ва ифтихори миллии моро ифода мекунад. Парчаме, ки шаҳодати истиқлолият, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ватандории мост.
Эҳтиром ба Парчам аз ибтидо дар қалбҳои мардуми сарбаланди мо маскан гирифтааст. Дар адабиёти навини тоҷикон низ аксарияти адибон чун ифодаи эътимоду эътиқод ба Парчам ва муқаддасоти миллӣ шеърҳо ва маҷмӯаҳои эҷодии хешро ба табъ мерасонанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоти худ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 зикр намуданд: «Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад».
Боиси ифтихори мост, ки ба ифтихори 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баландтарин парчам қомат афрохт, ки пояи он ба 165 метр баробар буда, ба пойтахти кишвар шукӯҳу шаҳомати хоса мебахшад. Ҳоло ин майдон бо гулгаштҳои ҷолибу ҳарранга ба макони сайругашт, истироҳату фароғати мардум табдил ёфтааст.
Месазад ёдовар шавем, ки ин иншооти беназир аз ҷониби бинокорони корхонаи «Алюминсохтмон» ва Ширкати байналмилалии «Трейдент Саппот» бунёд ёфтааст. Инчунин, ифтихорманд аз он ҳастем, ки дар таҳия ва тарҳрезии Парчами давлатӣ ҳамкасбони мо, кормандони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (шодравон профессор Ҳабибуллоев Зуҳур Нурҷонович, мудири кафедраи дизайни либос ва санъати мӯди ДДТ, рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шодравон Заневский Анатолий Нарсисович профессор, собиқ мудири ҳамин кафедра, раиси иттифоқи дизайнерони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, Лариса Додхудоева, д.и.с.,собиқ профессори кафедраи зикршуда) ба ҳайси роҳбар ва узви гуруҳи корӣ иштирок кардаанд.
Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, бо роҳбарии сарвари хирадманди он, Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон партавфишонӣ намуда, ҳамчун нишон аз истиқлолияти давлатию миллӣ, халқу миллати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, аз давлатдории халқи тамаддунофар – тоҷикон гувоҳӣ медиҳад.
Дар ҷамъбасти гуфтаҳои боло бо дуои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанием: «Бигузор Парчами истиқлолият асрҳои аср ба сари мамлакати куҳанбунёду номдор ва озоди тоҷик парафшон бошад!».
Рӯзи Парчами давлатӣ ба мардуми шарафманди Тоҷикистон хуҷаста бод!
Юсупова Зарина Розиқовна, доктори илмҳои филологӣ, профессори ДДБ ба номи Носири Хусрав