Имрӯз, дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Парчами Миллӣ ганҷинаи давлатдории тоҷикон” доир гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет, дотсентон Шодиён Б.С., мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудит, Зувайдуллозода Г., Холов Т., Толибов Д., Исмоилзода А., ва дигар устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Сипас, декани факултет Шодиён Б., ҳоиҳиринро ба санаи таърихи самимона шод бош намуда, иброз доштанд, ки парчам натанҳо рамзи давлатдорӣ мебошад. Балки номуси миллати мо маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин Зувайдуллозода Г., дар мавзуи ” Парчам рамзи давлатдорӣ” баромад намуд. Гуфта шуд, ки ҳар як қавму миллат дори рамзи хосае мебошад. Аз ин ҷост, ки баъди соҳибистиқлол гардидан мо тоҷикон дори парчами миллӣ гардидем. Аз ин ба баъд тоҷикон ин парчамро чун ормонҳои миллӣ нигоҳ дорем.
Дар охир аз ҷониби донишҷӯён низ вобаста ба парчам маърӯзаҳо шунида шуд.