Имрӯз, 11-уми сентябр дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи ифтитоҳии таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар ихтисоси биохимияи тиббӣ баргузор гардида, дар кори он намояндагони раёсати таҳсилоти донишгоҳ Холматов Саид, Наҷмиддинов Дилмурод, декани факултет Ятимов Парвиз, ҳамчунин роҳбари таҷрибаомӯзии истеҳсолии факултет Расулов Ӯктам, мудири кафедра Ғафуров Бобомурод иштирок доштанд.