Имрӯз, 27 –уми ноябри соли 2024 дар толори маҷлисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи навбатаии назорати директори таҳсилоти фосилавии донишгоҳ Сайнуриддинзода Аҳлиддин ва мушовирони факултетҳои донишгоҳ доир гардид.
Дар ҷаласа Сайнуриддинзода А. баромад намуда, аз фаъолияти бахши фосилавии донишгоҳ ба ҳозирин ҳисобот дод. Дар идома таъкид намуданд, ки дар пеш шуруъи дарсҳои фосилавӣ оғоз мегардад. Сараввал ҳуҷҷатҳои расмии донишҷӯён, теъдоди онҳо ва дигар самтҳои кории худро мушовирон бояд ҷиддан ба роҳ монанд. Аз ҷумла, партохти шартномаи донишҷӯён, ҷалб намудани онҳо ба осорхонаҳои вилоятию шаҳрӣ ва раванди дарсро ҷиддӣ назорат намоянд, таъкид дошт Сайнуриддинзода А.
Гуфта мешавад, ки донишгоҳ мутахассисони баландихтисосро дар ду бахш рӯзона ва фосилавӣ омода менамояд.