Имрӯз, 27 – уми ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе форуми сеюми ректорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус оғоз гардид, ки дар қатори дигар донишгоҳҳои олии кишвар аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ иштирок намуданд.
Дар форум муовинони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло ва сафари Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Дагеско, ректори донишгоҳ профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилаллӣ Икром Фатҳуллоев ва дигар реторони он ширкат намуданд.
Гуфта мешавад, ки дар рӯзи аввали форми ректорони Ҷумҳурии Беларус ва Тоҷикистон миёни донишгоҳҳо созишномаи тарафайн ба имзо хоҳанд расонид. Аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроники Чумхурии Беларус дар бахшҳои мухталифи соҳаи маориф шартномаи хамкорӣ ба имзо расониданд.
Ёдовар мешавем, ки форуми ректорони Ҷумуҳрии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус идома дошта, аз ҷаравони он хабар хоҳем дод.