Ҳувияти миллӣ ба маънои эҳсоси фардӣ ва дастаҷамъии мансубият ба як ҷомеаи мушаххаси миллӣ, ҳамбастагӣ бо рамзҳо, арзишҳо, фарҳанг, таърих, қаламрав, ниҳодҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, огоҳии ҷомеаи миллӣ аз вижагиҳои хоси миллӣ, дарки аъзои он аз ҳадаф, ормон, ниёзҳои миллат фаҳмида мешавад. Фард бо анҷоми фароянди худшиносии миллӣ худро дар дараҷаи аввал ба давлат нисбат медиҳад ва онро кафили ҳифзу афзоиши арзишҳои миллӣ, маънавӣ, моддӣ ва ҳамчун олитарин шакли созмони иҷтимоӣ медонад, ки имкони ҳифзи шинохти сифатии миллатро фароҳам меоварад.
Дар ҷараёни худшиносии миллӣ фард вазифаҳои шаҳрвандии давлатро ба дӯш мегирад, таъйид ё адами таъйиди худро нисбат ба навъи ҳокимияти эҷодшуда дар ҷомеа баён мекунад, мувофиқат ё мухолифати худро бо интихоби таърихӣ, дарки шахс аз аҳаммияти худ ва ҷойгоҳаш дар ҷаҳон эълом месозад. Ҳувияти миллӣ дар заминаи парадигмаи мувофиқи миллӣ, дар чорроҳаи соҳаҳои миллӣ-таърихӣ, иҷтимоӣ-психологӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, сиёсӣ-фарҳангӣ ва ғайра ташаккул меёбад. Мундариҷаи он хусусиятҳои муқарраршудаи фарҳанги миллӣ, хусусиятҳои қавмӣ, урфу одатҳо, эътиқодҳо, афсонаҳо, амрҳои ахлоқӣ, ҷаҳонбинӣ ва ҳувияти миллӣ, зеҳният ва хислати миллӣ, хотираи таърихӣ, анъанаҳои миллӣ ва қолабҳои рафтор шуури коллективӣ ва ғайраро ташкил медиҳад.
Ҷузъи вуҷудии собит ва таҷдиди ҳувияти ҳар як миллат ҳамчун як ҷомеаи иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсӣ рамзҳо ва ормонҳои миллӣ-давлатӣ мебошанд. Маҳз ормони миллӣ ҳамчун ифодаи мафҳумии тафаккури мардум ҷамъбасти вуҷуди миллиро таъмин намуда, тавассути он ҷаҳони атроф дарк карда мешавад ва халқ мавқеи худро дар он муайян мекунад. Ҷузъҳои муҳими ҳувияти миллӣ тасаввури ҷойгоҳи кишвар дар ҷаҳон, мансубияти фарҳангӣ ва тамаддунии он, манфиатҳои миллӣ, афзалиятҳои геополитикӣ мебошанд.
Ҳувияти миллӣ имкони исботи ақлонии ормонҳои худшиносии миллиро фароҳам мекунад. Дар заминаи сиёсат, он ба давлат ва мақомоти он ё муодили сиёсии онҳо дар миллатҳои бешаҳрванд муқовимат мекунад. Мушаххастарин вазифаи сиёсии ҳувияти миллӣ қонунӣ гардонидани ҳуқуқу уҳдадориҳои якхела мебошад, ки аз ҷониби ниҳодҳои ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуда, арзишҳо ва хусусияти миллатро муайян намуда, анъана, расму ойин ва маросимҳои вижаи онро инъикос мекунанд. Аз ин рӯ, ҳувияти миллӣ ба дарки шахсиятҳо ва гурӯҳҳои мардум мансубияти онҳо ба миллати муайян ва умумияти аксари сифатҳое асос ёфтааст, ки онро аз дигар миллатҳо тафовут мебахшанд. Агарчи огоҳӣ аз шаклгирии миллат мумкин аст барои муддати тӯлонӣ собит бошад, аммо аносире, ки чунин эҳсосе бар он устувор аст, метавонанд мутафовит бошанд.
Ба таркиби фарҳанг забон, ҳунар, фарҳанги омма, адабиёт, фалсафа, дин, расму ойин ва намоду рамзҳоро шомил сохта, мо ба ақидаи Э. Гелнер мувофиқем, ки “мавҷудияти фарҳанги воло шарти ногузири тавлиди миллат аст”. Ба унвони як ҷамъ, ҳувияти миллӣ мубтанӣ бар ин асл аст, ки фард аносири асосии фарҳанги миллиро ҷазб мекунад, онҳоро мутаалиқ ба худ мешиносад ва худро бо онҳо ҳамсон месозад. Дар натиҷа фард эҳсоси тааллуқ ба иҷтимоъ (бар асоси шабоҳат) пайдо мекунад.
Дар баробари ин, фард нисбат ба дигар ҷомеаҳои миллӣ (дигарӣ) ҳисси ҷудоӣ пайдо мекунад. Ин сохти ҳувият хусусияти муколамавӣ дорад, ки муносибати шахсият ва ҷомеаи миллӣ, инчунин байни миллатҳоро муайян мекунад. Бо ин ҳол, наметавон фаҳмид, ки дақиқан чӣ чизе тааллуқи як фардро ба як миллатро таъйин мекунад – меъёрҳои айнӣ ё зеҳнӣ, яъне таваллуд (хун), макон (Ватан), забон, фарҳанг ё ҳамон огоҳии миллии фард. Ҳамчунин бояд ба назар гирифт, ки фард маъмулан узви беш аз як ҷамъияти тафсирӣ аст, аз ин рӯ, ҷараёни бунёди шахсияти ӯ аз қабул ё рад кардани унсурҳои ҳувияти гурӯҳҳои гуногун, ки фард барои пайвастан ба онҳо мекӯшад, иборат аст.
Мафҳуми ҳувияти миллӣ дар ҷанбаи таърихӣ низ ба миён меояд. Аввалан, ҳувияти дастаҷамъӣ тавассути мубоҳиса дар вазъияти мушаххаси таърихӣ ташаккул меёбад ва дар шароитҳои муайян метавонад ба дигаргунии куллӣ дучор шавад. Сониян, бо омӯхтани таърих мо гузаштаро шарҳ медиҳем, то имрӯзро хубтар дарк кунем. Аз ин рӯ, мушоҳидаҳои тағйирёбии шахсият имкон медиҳад мо на танҳо ин нуктаро, ки «аз куҷо омадаем» ва «ба куҷо равонаем», балки тибқи гуфтаҳои Ҷ. Фридман «мо кӣ хоҳем буд»-ро хубтар дарк намоем.
Афроде, ки ҳувияти миллии мушаххаси муштарак доранд, ба эътиқод, ба фарҳанг, таърих, хешовандӣ, забон, дин, қаламрав ва сарнавишти муштарак ба андозаи мутафовит такя мекунанд. Чунин худшиносӣ, чун қоида, ба шаҳрвандони ин ё он давлати миллӣ нисбат дода мешавад. Бо вуҷуди ин, ҳувиятҳои миллии ифодаёфта метавонанд аз ҷониби афроди алоҳидаи миллатҳои бешаҳрванд, ба монанди Квебек, Каталония, кишварҳои Баски ва Шотландия мубодила карда шаванд. Хотироти ҷамъӣ аз давроне ки миллате мустақил буд, ё таҳти ситам қарор дошт, ё ба мавқеъияти пешрав дар ҷаҳон даст ёфта буд, тамоюл дорад ҳисси ҳувияти муштаракро дар миёни касоне, ки ба як миллат тааллуқ доранд, тақвият бахшад, ҳатто агар он миллат давлати миллии худро надошта бошад.
Пайвастагӣ аз ғояи миллат ҳамчун як мавҷудияти решадори таърихӣ бармеояд, ки ба хотири оянда пешбинӣ шудааст. Афрод ин пайвастагиро аз тарақи маҷмуае аз эҳсосот дарк мекунанд, ки дар тӯли замон густариш ёфта, ба мафҳуми муштараке, ки фақат “худиҳо” метавонанд онро дарк кунанд, муттаҳид мешаванд. Тафовут натиҷаи огоҳӣ аз ташаккули як ҷомеаи алоҳидаест, ки дорои фарҳанг, гузашта, рамзҳо ва анъанаҳои умумие мебошад, ки ба сарзамини маҳдуд алоқаманд аст. Пайвастагӣ ва тафовут аз дигарон боиси тафовут миёни аъзои ҷомеа (касоне, ки ба он шомиланд) ва «бегона», «дигарон» ва гоҳо «душманон» мегардад.
Бо дар назар гирифтани як миллат ба унвони гурӯҳе аз мардум, ки огоҳ ҳастанд, ки як ҷомеаи миллиро ташкил медиҳанд, фарҳангу гузаштаи муштарак, барномаи муштарак барои оянда доранд, бо сарзамине мушаххас муртабит ҳастанд, Ҳибернав баён мекунад, ки “ҳувияти миллӣ дорои панҷ буъд аст: равонӣ, фарҳангӣ, ҳудудӣ, таърихӣ, сиёсӣ”. Баъди равоншинохтии ҳувияти миллӣ аз он бармеояд, ки як гурӯҳи шаклгирифта дар заминаи “эҳсоси наздикӣ” вуҷуд дорад, ки афроди мутааллиқ ба он миллатро муттаҳид мекунад.
Ҳувияти муштараки миллӣ дар байни мардуми мансуб ба он миллат пайванди эҳсосӣ эҷод мекунад ва ин пайванд на ақлӣ, балки равонӣ аст. Қувваи эҳсос бар ақл бартарӣ дорад, зеро маҳз тавассути ҳамбастагии эҳсосӣ бо миллат аст, ки афрод аз зиндагии беохир ва ҳадди ақал барои баъзеҳо бемаънии худ фаротар мераванд. Саъю талош ва фидокориҳои онҳо ҳалкунанда, ҳатто қаҳрамонона мегардад ва боварӣ бар он, ки онҳо дар роҳи расидан ба аҳдофи олӣ – ҳифзу бунёди миллат саҳм гузоштаанд, иззати нафси афродро боло бурда, симои онҳоро дар тахайюлот ва хотираи афроди мансуб ба ҳамон миллат баланд мекунад.
Ҳувияти миллӣ бо ҳувияти фарҳангӣ робитаи зич дорад. Ҳувияти фарҳангӣ нишондиҳандаи муҳими рушди шахсият аст. Чӣ андоза, ки як фард худро бо фарҳанги ҷомеае, ки дар он фаъолият мебарад, ҳамбаста медонад, чӣ андоза ки шурӯи шахсияти ӯ тавсеаи амиқ меёбад, ҳамон андозаи ӯ равшантар ва пайвастатар низоъми равобити худ бо дигарон ва умуман ҷаҳони берунаро ба роҳ мемонад. Аз байн рафтани ғояҳо дар бораи ҳувияти фарҳангӣ ба он оварда мерасонад, ки инсон ҳисси ҳамоҳангӣ, муназзамии оламро аз даст медиҳад. Дар ин вазъият, ҷаҳон аз ҷониби ӯ ҳамчун бегона, ҳамроҳ бо таҳдидҳои эҳтимолӣ ва зӯроварӣ, ки метавонад ба худи ӯ ҳам амал кунад, қабул карда мешавад. Аз даст додани ҳувияти фарҳангӣ дар падидаҳое монанди бегонагии фард аз худ, дигар афроди ҷомеаҳо, ҷомеа ба унвони як воҳид, дар масхи шахсият, дар таъорузи нақшҳо, дар рафтори инфиродӣ ошкор мешавад.
Пас, ҳувияти миллӣ мавҷудияти як ҷомеаи муайяни миллиро пешбинӣ мекунад, ки тибқи таърифи олими бритониёӣ Э. Смит «номи худ, қаламрави таърихии худ, устураҳои умумӣ ва хотираи таърихӣ, фарҳангӣ оммавӣ ва ҷамъиятии муштарак, як иқтисоди умумӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои ягонаи ҳуқуқӣ барои ҳамаи аъзоёнро дорад». Ин заминаҳои объективӣ ва вижагиҳои ҷомеаи миллӣ аломатҳои асосии ҳувияти миллӣ мебошанд. Он табиатан бисёрҷанба аст ва онро ҳеҷ гоҳ ба ягон унсур кам кардан мумкин нест. Гузашта аз ин, ҳувияти миллӣ синтези хоси хусусиятҳои объективӣ ва субъективӣ дорад, ки як ҷомеаи миллиро аз дигараш фарқ мекунонад. Дар ин маврид ҳисси тақдиру таҷрибаҳои умумӣ, хотираи ҷамъӣ, яъне ҳамаи он чизе, ки ба ташаккули дастаҷамъии мусоидат мекунад, аҳаммияти ҷиддӣ пайдо мекунад.
Ҳувияти миллӣ натиҷаи рушди танҳо ҷомеаҳои қавмӣ нест, зеро он то абад воқеияти собит боқӣ мемонад. Дар сохтани ҳувият тавассути фард бо як ҷомеаи муайяни қавмӣ, тарзи зиндагӣ, арзишҳо ва асосҳои хоси худро дорад. Ҳеч як аз миллатҳои мудерн дар замони зуҳури он суботи вижагиҳои фарҳангӣ – забон, суннатҳои муштарак, одоб ва русум ва ғайраро надоштанд. Чизи умумӣ дар ин давра худшиносии сиёсии шаҳрвандони як давлати мустақил аст.
Аз ин рӯ, ҳувиятҳои қавмӣ ва миллӣ дараҷаҳои гуногуни устуворӣ доранд. Ҳувияти қавмии ашхос аз рӯи пайдоиши онҳо, мансубият ба як ҷомеа муайян карда мешавад ва он чизест, ки онҳо ҳамеша тағйир дода наметавонанд. Интихоби ҳувияти миллӣ бо омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва таърихӣ муайян карда мешавад, ки онро бештар вазъиятӣ ва динамикӣ ва носозгор мегардонад. Агар ҳувияти қавмӣ бо аломатҳои устуворӣ хос бошад, азбаски он ба фарҳанг ва пайдоиши муштараки доимӣ ва бетағйир асос ёфтааст, пас ҳувиятҳои дастаҷамъӣ, баракс, падидаҳои зотӣ (нуҳуфта дар фард) нестанд. Ҳувияти дастаҷамъӣ метавонад дар зери таъсири омилҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ ташаккул ва тағйир ёбад, аз байн равад. Ин воқеият махсусан дар замони ҷаҳонишавӣ мубрам ба назар мерасад.
Ҳувияти қавмӣ на танҳо дарк кардани ҳувияти худ бо ҷомеаи қавмӣ, балки арзёбии аҳаммияти узвият дар он аст. Аҳаммият бояд дод, ки дар муҳити сермиллат, вақте ки шахс худро ба арзишҳои фарҳанги миллии дигар таҷдиди назар мекунад, аксар вақт муайян кардани мансубияти қавмӣ қариб ғайриимкон аст. Ғайр аз ин, аъзоёни як ҷомеаи қавмии дорои ҳувияти қавмии муштарак метавонанд хусусиятҳои гуногуни миллӣ дошта бошанд.
Азизов Сафарбек Нуриддинович, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав