Дар осору афкори ниёгонамон Истиқлолияту Ваҳдат аз масъалаҳои муњим ба шумор рафта, дар ин самт садҳо асарҳои мондагор таълиф шудааст, ки асоси онро дўстиву рафоқат, ҳамгироиву муҳаббат ва шинохти миллӣ фаро мегиранд. Таълимоти дини зардуштӣ, ки бар пояи «Пиндори нек, кирдори нек ва рафтори нек» мураттаб шудааст, мояи онро низ худшиносиву худогоҳӣ ва суботи сартосарӣ ифода мекунад. Гузаштагонамон бо мақсади мустаҳкам гардидани пояњои давлатдорӣ, бештар гардидани нишондодҳои меҳнатӣ ва таълиму тарбияи дурусти насли ҷавон дар ин рӯҳия аз роҳу василаҳои гуногун истифода намудаанд. Дар замони муосир таълимот ва дарки ин њама масъалаҳо барои ҳар сокини кишвар аҳамияти бештар касб менамояд.
Баъди пош хўрдани собиқ давлати бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ барои халқи тоҷик зарурати таъсиси давлати мустақил пеш омад. Бо ин мақсад 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро эълон намуд, аммо бо гузашти вақти кўтоҳ бо дахолати душманони аҷнабӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар ба вуқуъ пайваст. Дар ин давра халқи тоҷик ва сокинони Тољикистон ба мушкилиҳои зиёди иќтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию равонӣ рў ба рў шуданд. Хонаводае набуд, ки ин муноќишаву кашмакашиҳои замон ба он таъсир накарда, талафоти ҷониву молиро ба вуҷуд наоварда бошад. Сиёсатмадорону зиёиён ҳарчанд мардумро ба иттифоқу ваҳдат моил менамуданд, аммо қувваҳои ғаразнок боиси парешон намудани ин ҳама муттаҳидиҳо мешуданд. Маҳз дар ин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди фарзонаи халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гурўҳи равшанфикрон ба сари қудрат омаданд. Онҳо кори давлатдориро аз барқарор намудани сулҳу осоиштагӣ оғоз бахшиданд ва дар як марҳалаи кутоҳ дар ин самт натиҷаҳо ба таври шоиста рушд кард.
Дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон эълони Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аҳамияти арзишманд дорад. Истиқлол аст, ки мо ба марҳалаи рушди давлатдорӣ расидаем.
Сангимурод Шарифов, номзади илмҳои филологӣ, достент, мудири кафедраи рӯзноманигории МДТ “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав”